Сафири Тоҷикистон ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Германия Эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 07.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо 5 ноябр Эътимодномаи худро ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Германия ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер супорид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пас аз супоридани Эътимоднома Президенти Германия бо Сафири навтаъйин мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Германия, ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкории ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Франк Валтер Штайнмайер Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия комёбиҳо орзу намуд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






