Таҳти раёсати Тоҷикистон дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ баргузор гардид

Ноябрь 16, 2018 08:48

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва 14 ноябр бо раисии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони комилҳуқуқи давлатҳои ИДМ, инчунин намояндагони аршади вазорату идораҳои соҳавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ширкат варзиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи рӯзномаи ҷаласа, аъзои Комиссия лоиҳаи ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, тартиби транзити борҳо, гузаронидани амалиёт ва назорати гумрукӣ зимни таҳвили мол баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа натиҷаҳои татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои қаблан қабулшуда, маълумот оид ба бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ ва бозори таблиғи давлатҳои иштирокдори ИДМ, шарҳномаи сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ оид ба иттилооти илмию фановарӣ пешниҳод гардид.

Қарор қабул шуд, ки ҷаласаи навбатӣ 19 декабри соли 2018 дар Москва баргузор гардад.

Ноябрь 16, 2018 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд