Ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар чорабинии хайриявии «Бозори СММ»-2018 дар Женева муаррифӣ гардиданд

Ноябрь 22, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женева 20 ноябр ҷамъомади ҳарсолаи хайриявӣ-«Бозори СММ» барпо гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар назди СММ дар  ин ҷамъомад фаъолона иштирок намуд.

Ба меҳмонони ҳамоиш намунаҳои ҳунарҳои миллии Тоҷикистон, ҳӯроки миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардид.

Бояд зикр намуд, ки лавҳаи Тоҷикистон дар ҷамъомади мазкур таҳти унвони  «Соли 2018- Cоли рушди cайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ба иштироккунандагон оид ба ин ташаббуси Президенти мамлакат маълумот манзур гардид.

Ноябрь 22, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад