Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши канории Иттиҳоди Аврупо дар Женева сухан гуфт

Ноябрь 28, 2018 08:45

ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябри соли 2018 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Женева ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар ҳамоиши канории Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёии рушд зери унвони «Инфрасохтори минтақавӣ ва рушд» иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиши мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон сухан ронда, ба иқтидори транзитии кишвари ҳамсоя, зарурати истифодаи он ва таҳкими тадбирҳои минтақавӣ дар ин самт таъкид намуд.

 

Ноябрь 28, 2018 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд