Владимир Жириновский Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои пасошӯравӣ Президенти беҳтарин номид
ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни президентҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ беҳтарин Президент ба шумор меравад. Мо нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса дорем ва ӯро ҳамчун сиёсатмадори оқил ва бунёдкор эътироф мекунем». Ин матлабро муовини Раиси Думаи давлатӣ, Раиси Ҳизби Либерал — Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат доир гардид, иброз дошт.
Зикр шуд, ки ин сиёсатмадори дурандеш дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос на танҳо мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшид, балки барои бунёду рушди давлати навини Тоҷикистон тамоми неруашро истифода бурд.
Раиси Ҳизби Либерал-Демократии Россия таассуроташро дар бораи Тоҷикистон бисёр хуб арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки минбаъд барои густариши ҳамкории Тоҷикистону Россия, аз ҷумла дар омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ба нақли Владимир Жириновский, дар доираи сафари корӣ имконият пайдо гардид, ки онҳо бо ҳаёти фарҳангию иҷтимоии мардуми шарафманди тоҷик шинос гарданд. Истиқболи гарму самимии мардуми тоҷик, аз ҷумла коргарони одӣ ва деҳқонони асил ӯро дар ҳайрат гузошт.
Муовини Раиси Думаи давлатӣ ба санъати баланди меъморию миллии Қасри миллат баҳои баланд дода, гуфт, ки «санъати меъмории миллии Қасри миллат беназир аст. Чунин санъати нодирро, ки бо гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст, дар ягон кишвари дунё вонахӯрдааст».
Ёдовар мешавем, ки Владимир Жириновский дар доираи сафари кории дурӯзааш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дидан намуда, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия вохӯрӣ кард.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






