Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти сатҳи баланд дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуд

Декабрь 6, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабри соли 2018 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода  дар Мулоқоти сатҳи баланд ҷиҳати баррасии мушкилиҳои кишварҳои даромадашон миёна дар амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ширкат ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷиддин Ҷӯразода зимни суханронии худ изҳор намуд, ки давоми 15 соли охир Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра ду стратегияи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012 ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардидаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бинобар гузаронидани ислоҳот ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор, Тоҷикистон ба пешравии назаррас дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81% то 30,3% ноил гардидааст.

 

Декабрь 6, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд