Аввалин хатмкунандагони мактаби хониши сиёсии «Созандагони Ватан» соҳиби сертификат гардиданд

Декабрь 21, 2018 13:44

ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин  хатмкунандагони  мактаби хониши сиёсии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур соҳиби сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Мактаби хониши сиёсӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон нигаронида шуда, он аз аввали соли 2018  таъсис дода шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки «тарбияи наcли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо имрӯз ба проблемаи муҳим табдил ёфтааст. Зеро дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳо ва созмонҳои мухталифе ҳастанд, ки махсусан ҷавонҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ноогоҳ ва ба камол нарасидаи кишварҳои гуногунро барои ҳадафҳои муғризонаи сиёсӣ ва геополитикии худ истифода мебаранд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, дар шароити имрӯза мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон бояд хеле ҳушёру зирак бошанд ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузоранд. Аз ин рӯ мо вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба ватану миллат ва худогоҳӣ тарбия намоем».

Ба маълумоти номбурда, дар мактаби мазкур давоми як сол донишҷӯёни мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо,  хонандагони синфҳои болоии  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо ва  муовинони раисони  кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия  ба дарсҳо фаро гирифта шуданд.

Тӯли ин муддат олимону донишмандон,  сиёсатшиносон, коршиносони соҳа ва  собиқадорони ҲХДТ  ба онҳо дар бораи ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёд, баланд бардоштани сатҳи  маънавии ҷавонон, бедор  намудани ҳисси худшиносии миллӣ,  таблиғи дастовардҳои  миллӣ, мустаҳкам  намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ, ба одати доимии ҷавонон табдил додани риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, парвариши инсони комил  ва омода намудани кардҳои ҷавони дорои қобилияти суханварӣ, эътиқоди идеологӣ ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат ва ҲХДТ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон  ба  сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дарс гуфтанд.

Хатмкунандагон иброз доштанд, ки дар мактаби мазкур дониши сиёсии худро такмил дода, беш аз ҳарвақта баҳри ҳимояи Ватан, садоқат ба давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки маросими супоридани сертификатҳо дар толори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хатмкунандагони  мактаби хониши сиёсии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз осорхонаи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ҷоизаву медалҳои варзишгарони маъруфи мамлакатро аз наздик тамошо карданд.

Декабрь 21, 2018 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад