Беш аз 1 ҳазор хоҷагии шаҳри Хоруғ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд

Декабрь 8, 2018 10:20

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кашидани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев оғоз гардид. Хати оби нӯшокӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории 1,4 миллион сомонии шарикони рушд бунёд шуда, дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр  бо оби ширин таъмин мегарданд.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи таъминсозии шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ, ки ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини бештари сокинони шаҳр бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад, роҳбарияти ВМКБ, сокинону меҳмонон ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бораи ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумат ва Президенти мамлакат дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки «агар 10 сол пеш дастрасии сокинони вилоят ба оби нӯшокӣ 47 фисадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондод 80 дарсадро ташкил медиҳад. Дар чор соли охир дар вилоят ба маблағи 4 миллион доллар корҳо дар ин самт тадбиқ гардидаанд».

Зикр гардид, ки маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон мебошад. Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус таъкид дошт, ки дар муддати кӯтоҳтарин лоиҳаро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд ва беш аз 1 ҳазору 62 хоҷагии  шаҳри Хоруғ, ки  5,5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд.

Барои тгузаронидани хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр иқдом гирифта шудааст. Қубури обгузар аз мавзеи  Дашт тавассути Чинак ба маркази шаҳр гузаронида мешавад. Барномаи мазкур тавассути сохторҳои дахлдори шаҳри Хоруғ ва фонди Оғохон доир ба муҳити зист амалӣ мегардад.

Ҳайати меҳмонон бо лоиҳаи таъминсозии шаҳри Хоруғ бо оби нӯшиданӣ шинос гардиданд. Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳа ҳамчунин ба масофаи 750 метр роҳи мошингард бунёд мешавад, ки рафту омади сокинони маҳаллаи «Дашти Боло»-ро тавассути ин масир наздик месозад.

Паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ «Помир-энергасервер» ва КВД «Бадахшон-роҳсоз»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб мешаванд. Муҳлати татбиқи лоиҳа то моҳи июни соли 2019 мебошад, вале мутахассисони варзидаи соҳа иброз медоранд, ки онро дар ду моҳ ба сомон расонида,  сокинони шаҳри  Хоруғро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамоянд.

Декабрь 8, 2018 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд