«БОМИ ҶАҲОН», «МАРКО ПОЛО» ВА «САФЕДДАРА». 11 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии кӯҳҳо
ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯҳҳо ҷашн гирифта мешавад.
Мақсад аз таҷлили ин ҷалби таваҷчуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақши кӯҳҳо дар ҳаёти инсонҳо мебошад. Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо ҳамин ҳадаф соли 2002-юмро Соли байналмилалии кӯҳ эълон намуда буд. Аз он ба баъд 11 декабр бо қарори махсуси СММ Рӯзи умумиҷаҳонии кӯҳҳо эълон гардид.
Зимнан, тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, ки бахшида ба ин рӯз дар сомонаи расмияш нашр намудааст, наздик ба 1 миллиард одамон дар минтақаҳои кӯҳӣ умр ба сар мебаранд.
«Тақрибан 22%-и кураи заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд», — омадааст дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид.
Аз ҷумла, 93 %-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳои сарбафалаккашида бо зебоиҳои нотакрорашон дили ҳазорон сайёҳону кӯҳнавардонро дар саросари ҷаҳон тасхир намудаанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистонро аз рӯи шаҳомати кӯҳҳо ва табиати назаррабояш «Швейтсарияи дуюм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ ном мебаранд.
Тибқи маълумоти расмӣ, аз панҷ се қуллаи баландтарини ҷаҳон дар ҳудуди Тоҷикистон ҷой гирифтаанд: қуллаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ (7495 метр), Абуалӣ ибни Сино (7134 метр) ва Евгения Корженевская (7105 метр).
Қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистон, ки хеле баланд, мушкилгузар ва ниҳоят назаррабову тасхиркунандаанд, барои ҷалби бештари сайёҳон — кӯҳнавардон ба Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ин аст, ки кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон дар чандин рейтингҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир боздиди сайёҳон аз мамлакати мо афзоиш ёфта, тибқи маълумоти мавҷуда, дар нуҳ моҳи соли 2018 ба Тоҷикистон 908 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 сентябри соли 2017 дар яке аз шаҳрҳои сайёҳии Португалия – Кашкайше ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ рейтинги ҷаҳонии «100 green destinations» — «100 самти устувори ҷаҳонӣ» (The Sustainable Destinations Top 100) интишор шуд. Тибқи рейтинги мазкур, ки дар он 36 кишвар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 350 самти сайёҳиро муаррифӣ карданд, баландкӯҳҳои Помир («Боми ҷаҳон»)-и Тоҷикистон дар баробари минтақаҳои сайёҳии Аргентина, Канада, Чин, Германия, Мексика, Нигерия, Австрия, Италия ва Танзания дар қатори «100 самти устувори ҷаҳонӣ» номбар карда шуданд.
Бояд зикр кард, ки баландкӯҳҳои Помири Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки пайи ҳам ба рейтинги «100 макони беҳтарин барои сайёҳии ҷаҳон” шомил мешаванд. Дар гузашта дар рейтинги мазкур якбора се макони зеботарини Тоҷикистон: кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг ҷой гирифта буданд.
Яке аз омилҳои муҳиме, ки сайёҳони хориҷӣ бо ин мақсад ба Тоҷикистон ва дидани кӯҳҳои зебоманзари он меоянд, ин шикори ҳайвоноти нодир мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин намуди шикор аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бурсияҳо (квота) ҷудо карда мешаванд, ки он ҳам барои рушди сайёҳӣ ва ҳам ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон бо Қарори Ҳукумати мамлакат барои шикори 95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, 12 сар бузи пармашох (морхӯр), 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) ва 10 сар хирси малла (дар ҳолати таҳдид ба сокинони маҳалҳои аҳолинишин) квота ҷудо гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки арзиши квота барои (як сар) гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 45 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох (морхӯр) — 241 ҳазору 378 сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) 2 ҳазору 220 сомонӣ ва хирси малла 9 ҳазору 249 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар ҳолати гузаронидани мусобиқа оид ба шикор нархи квота то 25 ҳазор доллар баланд бардошта мешавад.
Бино ба иттилои СММ, қӯҳҳо дар рушди иқтисоди миллии ҳар давлат нақши муҳим мебозанд. Дар онҳо захираҳои бойи канданиҳои фоиданок, аз қабили нафту газ, тиллою нуқра, сурма, ангишт, намак, пиряхҳо, обҳои ошомиданӣ ва минералӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳои кўҳӣ мавҷуд мебошанд.
Тавре чанде пеш сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, «тибқи санҷише, ки кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои ҶТ анҷом доданд, ҳоло саршумори гӯсфанди Марко Поло 26 ҳазор, бузи кӯҳии пармашох (морхӯр) 3 ҳазор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) 600 ва хирси малла тақрибан 900 сарро ташкил медиҳад”.
«Моҳҳои июл-августи соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ ҷиҳати фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир карда шуд», — хабар доданд аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар экспедитсияи мазкур 125 нафар кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Полша, Испания, Британияи Кабир, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Украина, Германия, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Франсия, Шветсия, Дания ва Австрия ширкат намуданд.
25 августи соли 2018 маросими ҷамъбасти Экспедитсияи мазкур баргузор гардид.
Яке аз мавзеъҳои дилрабои Тоҷикистон Маҷмааи варзишу истироҳати «Сафеддара» мебошад. Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишу истироҳати «Сафеддара» иброз доштанд: «Сафеддара, ки ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар мебошад, ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад».
Дар ин мавзеъ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо барои 120 нафар ҷойи нишаст амал мекунад. Инчунин дар маҷмааи мазкур ду хатти роҳи ҳаракати ҳавоӣ ба масофаи 2000 метр мавҷуд буда, дорои 140 адад воситаи болобарандаи варзишгарон мебошад.
Хулоса, ин кӯҳи зебо ва мавзеи хушманзара ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «дар ояндаи наздик ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷойи дӯстдоштаи сокинони мамлакат ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ табдил меёбад».
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»