БОЗИИ МИЛЛИОНҲО! 10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Созмони милали муттаҳид ҳамасола 10 декабр дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар саросари ҷаҳон мусобиқа ва бозиҳои мухталиф доир ба футбол барпо карда мешаванд.
Ҳоло футбол аз пешрафтатарин соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Дар қатори дигар давлатҳо Тоҷикистон барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Вобаста ба рушди бозии футбол 26 майи соли 2017 «Барномаи давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021» қабул карда шуд. Дар ин марҳила Барномаи давлатии рушди футбол самти асосии фаъолияти худро ба муҳайё намудани шароити мувофиқ барои рушду инкишофи футбол, ташвиқу тарғиби он миёни аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон, созмон додани системаи воҳиди омодагии дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон равона намуда, ҳамчунин чандин мавзӯъҳои мушаххаси беҳдошти ин соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоии мардуми кишварро дар бар мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди футбол бештар гардидааст.
Имрӯз футбол беваҷҳ шоҳи варзиш, бозии миллионҳо ном бурда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ футбол варзиши рақами 1 ва дӯстдоштатарин бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ занон низ ба футбол машғул мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон давоми солҳои охир хеле назаррас буда, он ҷиҳати рушди футбол дар арсаи байналмилалӣ саҳми калон гузоштааст. Баланд гардидани баҳогузории рейтинги футболи Тоҷикистон дар феҳристи Федератсияи футболи ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.
Барҷастатарин дастоварди футболбозони мамлакат он аст, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар кишвари Малайзия марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардид. Дар ин чемпионат дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17-сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Дар ҳақиқат дастоварди дастаи мунтахаби наврасони то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё оид ба футбол рӯҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумул бедор кард.
11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аъзои дастаи мунтахаби наврасони то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфта, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар- ба ҳар кадоме 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Зимни суҳбат бо футболбозон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки нишондоди наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад, ки аз як мусобиқаи бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд. Зеро дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан- ин шарафи бузург, омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода иброз дошт, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои квалификатсионӣ равона гардидааст.
«Айни замон дар ҷумҳурӣ 122 варзишгоҳи замонавӣ бо ҷойи нишаст ва 6619 майдончаи варзишии футболбозӣ мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо 29 даста дар лигаи олӣ ва якум, 585 дастаҳои дӯстдорон ва 6 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ ба онҳо 11 ҳазору 850 нафар футболбоз фаро гирифта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар 103 муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва махсуси футбол 7966 нафар дар 612 гурӯҳ машқ менамоянд, ки ба онҳо 298 мураббии дорои маълумоти соҳавӣ таълим медиҳанд»,- гуфт Абдулло Маҳмадализода.
Ба гуфтаи номбурда, аз ҷониби дастаи футболи «Истиқлол» Академияи футбол таъсис дода шуд, ки ин метавонад барои дар оянда омода намудани футболбозони сатҳи баланд мусоидат намояд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсуси футбол ва 1 академия фаъолият доранд, ки ба онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.
Танҳо соли 2017 зиёда аз 252 нафар мутахассисон дар 11 семинару курсҳои бозомӯзии мураббиён ва доварон барои соҳиб гардидан ба литсензияҳои мураббии байналмилалии дараҷаи «А», «В» ва «С» дар хориҷи кишвар ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, маҳорату малакаи хешро сайқал доданд.
Имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мунтазам мусобиқаҳои мухталиф амалӣ намуда, бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ва тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш чораҷӯӣ намуда истодааст.
Инчунин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ «Тӯби чармин-2018» дар се синн ва се марҳила аз моҳи апрел то моҳи октябри соли равон доир карда шуд.
Бо мақсади рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва маъруфияти бозии футбол дар ҷумҳурӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, аз аввали соли равон баҳри рушди футболи кӯдакона як зумра барномаҳои мухталифи оммавию варзишӣ гузаронида шуданд.
Дар ин давра дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона доир гардид. Соли ҳаштум аст, ки зери сарпарастии ширкати «Мегафон» мусобиқаи футбол байни хонандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» баргузор мегардад.
Соли 2018 низ ғолибони мусобиқоти мазкур-дастпарварони мактаб-интернатҳои ВМКБ ва шаҳри Душанбе барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии он ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия роҳхат гирифтанд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»