«БУНЁДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МУОСИР БИДУНИ МУТАХАССИСОНИ КАСБӢ ҒАЙРИИМКОН АСТ». Профессори Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия Инна Андронова сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар соҳаи маориф оқилона ва дурандешона арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, устоди Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия Инна Андронова дар суҳбат бо хабарнигори агентии «Спутник» -и ин кишвар иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ҷонибдорӣ намуд.
Тавре профессор Андронова зикр кард, чанде пеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатии соли 2019-ро қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он ба 24 миллиарду 165 миллион сомонӣ баробар аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама бештар — дар ҳаҷми 18,21 дарсад — ба соҳаи маориф маблағ ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи коршинос Андронова, «ин намунаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи кишвар» мебошад.
«Ҳукумати Тоҷикистон дарк намудааст, ки бунёди иқтисоди рақамӣ ва муосир бидуни мутахассисони касбӣ ғайриимкон аст. Дар ҷаҳон ҳеҷ давлате нест, ки ба соҳаи маориф аҳамият надода бошад. Тоҷикистон, чун ҳама кишварҳо, ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад, зеро ин қабил мутахассисон метавонанд ба иқтисоди кишвар технология ва назарияҳои наву замонавӣ ворид созанд. Маориф бояд манфиатҳои иқтисодиро таъмин намояд», — иброз дошт Инна Андронова.
Мавриди зикр аст, ки профессор Инна Андронова котиби илмии Шӯрои диссертатсионии яке аз мактабҳои олии бонуфузи Россия – Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» мебошад ва соли 2015 дар мавзӯи «Амнияти иқтисоди берунии Федератсияи Россия: хатарҳои нав ва роҳҳои пешгирии онҳо дар шароити ҳамкории босуръати авруосиёӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Инна Виталйевна муаллифи китобу мақолаҳои зиёд дар бораи муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ мебошад, ки ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расидаанд.








Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад






