Дар Душанбе ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

Декабрь 8, 2018 11:04

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр»-таҳти чунин унвон 13 декабри соли 2018 соати 10:00 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир мегардад. Конференсия ба 400-солагии яке аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ, суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста доштааст, бахшида мешавад.

Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши илмӣ масъалаҳои таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии замони Сайидои Насафӣ, афкори иҷтимоию фалсафӣ, вазъи косибону ҳунармандон, омӯзиш, мактабу мадорис, инъикоси вазъияти сиёсӣ дар навиштаҳои таърихӣ, адабӣ, диди воқеанигории замон аз нигоҳи таърихнависони ин давраи Мовароуннаҳру Хуросон, омӯзиши сарчашмашиносии муқоисавию татбиқии таҳаввулоти ин давра дар навиштаҳои таърихнависони Осиёи Марказӣ, омилҳои камнур будан ва таҳқиқи академии сарчашмаҳои таърихӣ, нашри илмию академӣ нашудани таърихномаҳои замони Сайидои Насафӣ, диди таърих ва таърихнависии замони Сайидои Насафӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар назар аст, ки дар конференсияи байналмилалӣ олимону муаррихон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрону Ҳиндустон иштирок намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо пешниҳоди Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кӯшиши донишвари тавоно Аскаралӣ Раҷаб дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Бахшида ба таҷлили 400-солагии ин шоири барҷаста дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ дар назар аст.

Миробид Сайидои Насафӣ бо ашъори рангину баландмазмун чун хуршед ба дӯстдорони шеъру адаб нур ва гармӣ мебахшад. Шоир ба ҷаҳони шеър бо манзума, мухаммас, мусаддасу ғазал ва дигар жанрҳои адабӣ ворид гардида, дар як муддати кӯтоҳ шоири пешгоми замон гардид.

Дар эҷодиёти Сайидо фалсафаи баланди зиндагӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, пайдоиши оламу одам ва пайвастагии онҳо хеле моҳирона тасвир шудааст. Ӯ хасисону ситамгарон, зоҳидони риёкор, пастиву разилиро зери тозиёнаи накӯҳиш гирифта, некиву неконро тараннум мекард:

Ҳисори офият Юсуфро шуд домани исмат,

Макун дур аз барам ё Раб, либоси порсоиро…

Ё гуфтааст:

Сайидо рӯй ба равшангуҳарон бояд кард.

Дар эҷодиёти Сайидо ситоиши ҳунармандон ҷойгоҳи хос дошта, беш аз дусад намуди касбу ҳунар васф шудааст. Шояд сабаб он буд, ки ӯ бо аҳли ҳунари Бухоро дӯстӣ дошт ва бофандагӣ мекард:

Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Ӯ дар бораи нонвой мегӯяд:

Танӯраш сурхрӯ аз оташи гул.

Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Дар ҷои дигар дар васфи наҷҷор менигорад:

Ба ҳар манзил гузорад по ҳамон дам.

Кунад чун теша синҷи хона маҳкам.

«Баҳориёт» -и Сайидо дар миёни аҳли адаб ва хонандагони одӣ машҳур аст, ки бо байти зер оғоз мешавад:

Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам.

Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон…

Гумони ғолиб он аст, ки бо нуктасанҷиву нозукбаёнӣ шоир хостааст андаке бошад ҳам, мардумро фориғ намояду ба гуфтаи худи ӯ, аз табъи мардум дафъи малол кунад. Зеро мардум дар даврони Сайидо дур аз оромиву осоиш буданду  дар гуруснагӣ ва бенавоӣ умр ба сар мебурданд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари ҷовидонаи «Тоҷикон», дар баробари дигар сарчашмаҳои боварибахши таърихӣ, аз эҷодиёти Сайидо густурда истифода кардааст. Устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» се мухаммас ва се ғазали ӯро оварда, дар хусуси эҷоди ин адиби забардаст маълумоти кӯтоҳ додааст.

Сарояндагони шинохтаву писандида, ба монанди устод Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон ба эҷодиёти Сайидо оҳанг баста, пешкаши мардум кардаанд.

Рӯ овардани устодони бузург ба ашъори Сайидо гувоҳи баландии мазмуну муҳтаво ва моҳияти ашъори ин абармард мебошад.

Масалан, оғози  ғазале, ки шодравон Зафар Нозим месуруд, ин аст:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард.

Саг чу шуд девона ӯро метавон занҷир кард.

Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,

Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.

Ин шеър ба ҷуз завқи баланди бадеӣ хусусияти тарбиявӣ низ дорад. Ғазали дигари шоирро Одина Ҳошим месуруд:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад.

Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад.

Шодравон Дӯсмурод Алӣ низ ба ғазалҳои Сайидо оҳанг бастааст. Масалан:

Намеоӣ ба болинам, намегирӣ хабар аз ман,

Нигоро, дил ба бераҳме диҳӣ, гардӣ батар аз ман…

Ба кунҷи хона имшаб аз ғамат чандон фиғон кардам,

Ба фарёд омаданд ҳамчун ҷарас девору дар аз ман…

На ту дуздӣ, на ман қозӣ, на ту габрӣ, на ман ғозӣ,

Чаро, эй бемурувват мегурезӣ, ин қадар аз ман…

Зимомдорони даврони Сайидо ба аҳли илму адаб таваҷҷуҳ надоштанд, аз ин рӯ шоирону ҳунармандон бештар роҳи кишвари Ҳиндро пеш мегирифтанд. Зеро дар Ҳиндустон муҳити адабӣ нисбатан хуб буд. Шояд ин байт шарҳи ин ҳол бошад:

Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон.

Бастанд обу оина рахти худ аз миён.

 

Ё ғазали дигар, ки бо мисраи зер оғоз меёбад:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар Ватан дорам ҳанӯз.

Мувофиқи сарчашмаҳои мавҷуда, шоирон ба хотири беҳдошти зиндагӣ ва бархӯрдор шудан аз муҳити хуби адабӣ сафар мекарданд:

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист,

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Вале байти дигаре, ки пас аз ба Деҳлӣ рафтану дар он ҷо сукунат кардани шоир навишта шудааст, аз муҳити на чандон хуби он замону макон ҳикоят мекунад:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо.

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наёям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехӯрад ин ҳинди ҷигархор.

Дар маҷмӯъ, Миробид Сайидои Насафӣ бо эҷоди пурарзиши худ дар адабиёт аз мақоми хосса бархӯрдор мебошад. Бо гузашти чандин садсола ин шоири маъруф маҳбубияти худро ҳеҷ гоҳ аз даст надодааст. Аксар тазкиранависон ва адибон ӯро аз дурахшонтарин ситораҳои осмони шеър дар асри XVII донистаанд.

Соли  1940 Х. Мирзозода  ва Г. Птитсин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ бо нашри мақолае ба хонандагон маълумот додаанд.

Соли 1944 академик Абдулғанӣ Мирзоев «Девони мунтахаб» — и шоирро омодаи чоп ва нашр намуд. Пас аз се соли он таҳқиқоти пурарзиши худро бо номи «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» дастраси хонандагон гардонид. Бояд зикр кард, ки дар пояи ин асари пурарзиш то ба имрӯз дигар асаре таълиф нашуд.

Мавриди таъкид аст, ки ба камтар аз шоирони Мовароуннаҳр даст дода, то мисли ӯ дар ғазал, мухаммас ва маснавӣ навҷӯиҳо карда бошанд. Махсусан, мисли «Баҳориёт» ва дар пояи он ҳеҷ адибе асаре таълиф нанамудааст.

Омӯзиш ва пажӯҳиши ашъори ноби ин адиби забардаст бояд барои ҳеҷ давре қатъ нагардад, балки идома ёбад, то ба асрори маонӣ ва рамзҳову ишораҳои ӯ бештару беҳтар роҳ бибаранд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ мавриди истифодаи умум қарор дод
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуд
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон «Рӯзи театр» эълон гардид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил гардид
«СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд
Дар конференсияи байналмилалӣ ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Париж маҷаллаи «Пайванд» рӯнамоӣ шуд
«МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗ МАН». Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ то охири моҳ ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Остона ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ доир гардид