Дар Душанбе хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 декабри соли равон дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 — Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» маҳдуд карда шуда, хизматрасонии хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор») шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор») ба роҳ монда шуд. Дар хатсайри автобусии №2 (Терминали мусофирбарии шарқ — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда шуда, шумораи микроавтобусии №33 (маҳаллаи Фучик — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Н.Қарабоев маҳдуд карда шуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади кам кардани ҳолати танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар роҳандозӣ гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифода бурда, онҳоро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар то нимаи аввали моҳи декабри соли равон боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд. Тибқи иттилои масъулин, як гурӯҳ ронандаҳо бо мақсади таҳвили автобусҳои мазкур ба Ҷумҳурии Туркия сафар карданд.
Хотиррасон менамоем, ки байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, барои харидории автобусҳои тамғаи «AKIA» бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расида буд. Дар асоси ин шартнома марҳила ба марҳила ба пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе 170 адад автобусҳои ширкати мазкур ворид гардиданд, ки алҳол онҳо дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки ибтидои соли 2017 дар пойтахт корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо «AKIA AVESTO» оғоз гардид. Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд.
Бояд зикр кард, ки баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.
Алҳол шумораи коргарони корхонаи бандубаст 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Ширкати туркӣ барои омӯзиш, сайқал додани савияи дониш ва малака дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо барои мутахассисони маҳаллӣ курсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ намуд.
Тавре мутахассисон иброз доштанд, қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли ширкати «Мерседес Бенс» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
Тавре директори корхонаи муштараки «AKIA-AVESTO» Асрор Мирзоев зикр кард, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






