27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Қарори Раиси шаҳри Душанбе барои баргузории барномаҳои идона ба имзо расид

Июнь 12, 2024 08:40

ДУШАНБЕ, 12.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 27-солагии Рӯзи Ваҳдати  миллӣ дар шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор  мегарданд.  Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 27 июн таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи  пойтахт,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе  базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат чорабиниҳои идона доир мегарданд. Зеро Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии мамлакат  ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид