Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Германия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Германия оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт 12 декабр дар Душанбе баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо оид ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкории манфиатовар дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд намуданд.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






