Дар Душанбе Намоишгоҳи Сафорати Руминия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2018./АМИТ «Ховар»/. 6 декабри соли 2018 дар ҳошияи ҷашни солгарди Рузи миллии Руминия бо ибтикори Сафорати он кишвар (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона) дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena Hotel”-и пойтахт намоиши аксҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва саноеи нафисаи Руминия, ки ба руйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони масъули вазорату идораҳои кишвар, ҳайати дипломатии муқими Душанбе ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Ин иқдоми Сафорати Руминия, ки ба муаррифии фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани Руминия равона шуда буд, аз ҷониби иштирокдорон баланд арзёбӣ гардид.
Руминия дар ҷанубу шарқии Аврупо ҷойгир буда, яке аз кишварҳои калонтарини ин қора ба ҳисоб меравад ва аз ҷиҳати расму оин ва фарҳангу тамаддун бой аст. Дар ин кишвар, чун дар Тоҷикистон, ҳунари кулолгарӣ дар деҳот маъруфияти зиёд дорад ва маҳсули дасти кулолгарон ҳар сол дар Ярмаркаи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин ҷо доир мегардад, ба намоиш гузошта мешавад. Гулдӯзиҳои мардуми румин бошанд, аз ҷиҳати рангу тоб чакани тоҷикиро, чанде пештар аз ҷониби ЮНЕСКО ба Руйхати мерооси ғайримодии ҷаҳонӣ шомил гардид, ба ёд меоранд.
Ин нахустин чорабинии фарҳангии Руминия дар Тоҷикистон ба шумор рафта, онро саҳми босазо дар рушди робитаҳои байнифарҳангии кишварҳоямон метавон унвон кард.
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
Моҳи июли соли 1992 бо истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия заминаи сиёсӣ барои рушди робитаҳои гуногунсоҳа ва мутақобилан судманд гузошта шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2017 ҷ-би Чезар Армяну мебошад.












Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






