Дар Хоруғ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ХОРУҒ, 08.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Раёсати Вазорати мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода, Раиси вилояти мазкур Ёдгор Файзов, муовини Раиси КДАМ, генерал-майор Нусратулло Мирзоев, ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД дар ин вилоят ҷамъомади танатавӣ баргузор гардид.
Аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, ки ҷамъомадро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода оғоз намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳайати шахсӣ ва ҳозиринро самимона табрик намуд.
Сипас, сардори сарситоди воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД, генерал-майори милитсия Хуршед Муҳаммадзода аз замони таъсис, фаъолият ва саҳму дастовардҳои ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД дар даврони истиқлолияти кишвар ва шуҷоату ҷоннисориҳои фарзандони диловари Ватан ёдовар шуд.
Мавсуф дастоварду натиҷа ва пешрафти фаъолияти воҳидҳои таъйиноти махсусро, пеш аз ҳама, аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.
Раиси вилоят Ёдгор Файз низ оид ба саҳм, нақш ва фаъолияти воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД бо эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ иброз дошт, ки воқеан ҳам таъмини тартибот ва амнияти имрӯзи кишвар, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон далели хизмати шабонарӯзии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД аст. Аз ин рӯ сокинони вилоят аз кору муносибат ва ҳисси баланди ватандӯстонаи онҳо розианд.
Зимни суханронӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки дар асл ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва таъмини волоияти қонун саҳми назаррас доранд. Маҳз матонату садоқат ва ҷоннисориҳои онҳо буд, ки давлату миллат ва мардуми Тоҷикистон ба ин рӯзи хуш, саодати комил ва ваҳдату сулҳ расиданд.
Муовини раиси КДАМ Нусратулло Мирзоев аз фаъолияту шуҷоат ва корнамоиҳои ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД бо ифтихор ҳарф зада, ҳозиринро аз номи роҳбарияти КДАМ табрик гуфта, ба онҳо садоқат ва нангу ори ватандӯстона таманно кард.
Дар ҷараёни ҷамъомади идона бо фармони Вазири корҳои дохилӣ шумораи зиёди кормандон барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва садоқат ба савганд бо медалу нишон, Раҳматнома, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин бо фармони сардори РВКД дар ВМКБ 35 нафар кормандони воҳидҳои таъйиноти махсус бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






