Дар ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бо 8 ҳазор ҷои нишаст бунёд мегардад
ХОРУҒ, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба бунёди яке аз калонтарин варзишгоҳ дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат оғоз намуданд.
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «ин варзишгоҳ 8 ҳазор ҷои нишаст дорад ва майдони футболи он ба меъёрҳои муосири ин намуди дӯстдоштаи ҷавонон мутобиқ мебошад. Дар ин ҷо барои баргузор кардани мусобиқаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ тамоми шароит муҳайё карда мешавад. Маблағгузории варзишгоҳро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад. Қитъаи замине, ки барои варзишгоҳ ҷудо шудааст, нокорам буда, дар канори рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст. Аз ин рӯ барои бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инвесстрой» аввал зарур аст, ки заминро ҳамвор ва қабати болоиашро аз сангу рег пур кунанд. Баръакси ҳол, баъди баланд шудани сатҳи дарё дар фасли тобистон фурӯравии замин аз эҳтимол дур нест. Барои ҳамворкунӣ ва таҳкими таҳкурсии биноҳои маъмурию маишии варзишгоҳ 670 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст».
Бояд гуфт, ки соли 2010 баъди навсозӣ шумораи курсиҳои варзишгоҳи шаҳри Хоруғ аз 2 ҳазор то ба 5 ҳазор расонда шуд. Он то ба ҳол яке аз варзишгоҳҳои калони вилоят ба шумор меравад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






