Дар шаҳрҳои саноатии Суғд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён доранд

Декабрь 26, 2018 10:34

ХУҶАНД, 26.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ин рӯзҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар чор шаҳри саноатии вилояти Суғд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, то 31 декабр идома меёбанд. Мақсад аз ташкили ин ярмаркаҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ, инчунин  ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз растаҳои гуногуни ярмарка иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода таҳти роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурию судманд пайваста амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар бозор 10-20 фисад арзон бошад.

Зикр шуд, ки давоми ёздаҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят қариб ба 7,5 млрд. сомонӣ расид.

Аз ҷумла, аз оғози соли 2018 то имрӯз дар шаҳрҳои саноатии Суғд — Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол дар маҷмӯъ 50 маротиба чунин ярмаркаҳо ташкил гардида, дар онҳо ба сокинон зиёда аз 3566,3 тонна маҳсулот бо нархҳои 20-30 фоиз арзонтар пешниҳод гардонида шуданд.

Декабрь 26, 2018 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид