Дар Тоҷикистон натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷамъбаст гардиданд

Декабрь 15, 2018 12:29

ДУШАНБЕ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои нақшавӣ дар давраи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2018» дар маҷмӯъ 237 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаю 977 килою 196 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 48 килою 134 грамм героин, 1 тоннаю 129 килою 592 грамм афюн, 394 килою 799 грамм ҳашиш ва 404 килою 671 грамм бангдона  мусодира гардид.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2112 дона ҳабҳои синтетикӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд. Ин воситаҳои нашъадор аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира гардидааст.

Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор-2018», ки 12 декабри соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентӣ, роҳбари Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти мазкур Зафар Самад бо мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва мутобиқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30 ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида шуд.

Дар амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон иштирок намуданд.

Ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути сарҳади давлатӣ дар роҳҳои мошингард дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва сайёр гузошта шудаанд.

Дар натиҷаи ошкор намудани ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар 261 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Инчунин дар давраи баргузории амалиёт 202 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, 274 ҳазору 180 сомонӣ аз ҳисоби ҷаримаҳои ситонидашуда ба хазинаи давлат ворид карда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дар қаламрави ҷумҳурӣ 184 ҳодисаи сабзиши растаниҳои нашъаовари худрӯй ошкор ва ба миқдори 2 миллиону 402 ҳазору 894 бех растаниҳои нашъаовари худрӯй дар майдони 1,8 гектар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд.

Инчунин дар ҷараёни амалиёт 21 ҳолати мусодираи яроқу аслиҳа ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 1501 адад  яроқу аслия ва лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд. Ҳамзамон 795 нафар шахсони дар кофтуков қарор дошта муайян ва дастгир карда шудаанд.

Бо мақсади пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои корҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он байни табақаҳои мухталифи аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон оид ба пешгирии нашъамандӣ, омилҳои хариду фурӯши одамон ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо тадбирҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Декабрь 15, 2018 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд
Дар вилояти Хатлон тақрибан 179 кг маводи нашъаовар мусодира ва гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқбарон боздошт гардид
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид