Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи «Чор миллат» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат», ки аз 15-ум то 23-юми январ дар шаҳри Давҳаи Қатар барпо мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора сомнати расмии ФФТ хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи «Чор миллат» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Қатар ва Кувайт ширкат меварзанд. Бозии аввалини худро дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15-уми январ бо олимпичиёни Эрон мегузаронад. Дар даври дуввум, 18-уми январ, дастпарварони Усмон Тогшев бо футболбозони Қатар ва дар вохӯрии охирин, 21-уми январ, бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт қувва месанҷад. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и шаҳри Давҳа гузаронида мешаванд.
Иштирок дар бозии байналмилалӣ дар Қатар марҳилаи навабатии тайёрии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (то 23-сола) ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб меравад.
Дар бозиҳои интихобӣ, ки аз 22-юм то 26-уми март дар шаҳри Тошкент мегузаранд, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Ӯзбекистон (26-уми март) рақобат менамояд.
Баъди ҷамъбасти бозиҳои интихобии гурӯҳӣ 11 дастаи ғолиб ва 4 дастаи беҳтарини мақомҳои дуввум ба бозиҳоии финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дар сурати яке аз ҷойҳои аввалро гирифтани мизбони Чемпионати Осиё-дастаи мунтахаби Тайланд (ё ишғоли яке ҷойҳои дуввуми имтиёздори роҳхат ба бозиҳои финалиро) дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ба бозиҳои финалӣ роҳ меёбад. Аз тарафи дигар се дастаи ҷойҳои якум, дуввум ва сеюми Чемпионати Осиё ҳаққи иштирокро дар Бозиҳои Олимпии соли 2020 дар Токио комёб мегарданд.
Тақвими мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» байни дастаҳои мунтаъаби олимпӣ дар шаҳри Давҳа чунин аст:
Даври 1
15 январ (сешанбе)
19:30* – Эрон – ТОҶИКИСТОН
21:30 – Қатар – Кувайт
Даври 2
18 январ (ҷумъа)
19:30 – Эрон – Кувайт
21:30 – Қатар – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
21 январ (душанбе)
19:30 – ТОҶИКИСТОН – Кувайт
21:30 – Қатар – Эрон
Эзоҳ: соати бозиҳо ба вақти Душанбе оварда шудаанд.









Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






