Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Малайзия соҳиби 5 медали биринҷӣ гардид

Декабрь 4, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Теннисбозони   ҷавони тоҷик  дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Пенанги Малайзия 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре  корманди Федератсияи  тенниси  Тоҷикистон Далер Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мусобиқаи мазкур миёни наврасону ҷавонон медалҳоро Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина   сазовор шуданд.

Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз 20 давлати Осиё, ҳамчунин кишварҳои Британияи Кабир, Россия, Австралия ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи дигари сатҳи байналмилалӣ дар Малайзия теннисбоздухтарон аз Тоҷикистон Ёсуман Салимова медали нуқра ва Диана Иванихина медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Декабрь 4, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад