ДАСТОВАРДҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР СОЛИ 2018: ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 60 барнома доир карда шуд

Декабрь 30, 2018 09:33

ДУШАНБЕ, 30.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рушди мунтазами соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу рағбати зебоиписандӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои мардуми фарҳангсолори моро ташаккул медиҳад, пайваста дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар самти ҳифзу нигаҳдории мероси фарҳангии халқи куҳанбунёдамон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, дар даврони начандон тӯлонӣ ба эҳё ва таҳкими асолати миллӣ, забон ва фарҳанг, ки рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошанд, муваффақ гардидем.

Давоми соли 2018 соҳаи фарҳанги мамлакат ба як зумра пешравию дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки онҳо метавонанд барои рушди соҳаи мазкур заминаи мусоид фароҳам оваранд. Дар ин росто мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ҳамсуҳбат гардид.

Чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардид

-Яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи фарҳанг дар соли 2018 ин аст, ки Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан- як навъи гулдўзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатар баргузор шуданд

Соли 2018 Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва бори аввал дар Давлати Қатар, инчунин  барномаи фарҳангии сатҳи баланд дар Давлати Кувайт бо шукӯҳу шаҳомат доир гардиданд.

Моҳи майи соли 2018 Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Инчунин моҳи октябри соли 2018  Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 60 барномаи  ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор шуд

Тавре Қурбон Ғуломзода иброз дошт, имсол аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 60 барномаи гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва зиёда аз 2000ҷамъомадҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва маҳаллӣ доир гардиданд.

Соли равон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бўстон, Исфара, Мастчоҳ, Хоруғ, Рўшон, Ишкошим, Шуғнон, Дарвоз, Бохтар, Кўлоб, Норак, Леваканд, Данғара, Шаҳритус, Панҷ, Дўстӣ,  Восеъ, Ҳамадонӣ, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав,  Варзоб, Рўдакӣ,  Рашт ва Файзобод мағозаю дўконҳои фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли адрасу атлас ва корхонаҳои дўзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфтанд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои дуру наздик аз 21 то 27 январи соли 2018 дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос «Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон» доир шуд.

«Аз 2 то 18 феврали соли равон дар Иёлоти Ҳаряни Ҷумҳурии Ҳиндустон Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела» доир гардид. Дар он 5 нафар раққосон аз ансамбли «Ҷаҳоноро» ва 5 нафар ҳунармандони мардумии тоҷик ширкат намуданд.

Аз 4 то 21 апрели соли 2018 шаш нафар косибони мардумӣ дар фестивали «Рўзҳои фарҳангии Шарйа»–и шаҳри Шарйаи Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуда, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба сокинон ва меҳмонон пешниҳод намуданд.

Баргузории барномаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ

-Бо мақсади таъмин намудани сокинони мамлакат бо истироҳату фароғат аз моҳи апрел то ноябри соли равон 260 маротиба дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт ҳар ҳафта рўзҳои истироҳат бо ҷалби муассисаҳои фарҳангӣ ва консертии тобеи вазорат, инчунин муассисаҳои таълимии касбӣ, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Файзобод, Шаҳринав, Рўдакӣ, Варзоб ва минтақаҳои Бохтару Кўлоби вилояти Хатлон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ бо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ доир гардиданд,- изҳор намуд номбурда.

Нашри китобҳои тозанашр зиёд гардид

Соли 2018 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба тамоми китобхонаҳои вилоят 2070 нусха китоби арзишманд ба маблағи 123 503 сомонию 64 дирам ройгон тақсим гардид. Муассисаҳои нашриявии вазорат бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК «Матбуот» дар маҷмўъ  58  номгўй китоб бо теъдоди  334 050 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расониданд.

Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом

Ҳамчунин соли сипаришаванда мақомсароёни мамлакат дар Форуми байналмилалии санъати мақом, ки  дар Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон доир гардид, миёни 73 давлати дунё сазовори Шоҳҷоизаи ин форум гардиданд. Ин дастоварди бузурги соҳаи санъат ба ҳисоб меравад.

Номераҳои наву ҷолиб дар саҳнаҳои театр

Давоми соли 2018 дар театрҳои касбии кишвар 52 асари нав саҳнавӣ гардиданд. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 26 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 26 намоиш рўи саҳна омаданд.

Соли 2018 бо тавсияи бахши драмавии Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 асари драмавии адибони тоҷик харидорӣ гардиданд.

Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 87 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 59 номераҳои нави рақсӣ эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.

Ҳамчунин соли 2018 бо тавсияи бахши мусиқии Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 асари мусиқии композиторон харидорӣ шуданд.

Инчунин дар ин сол баҳри амалӣ намудани нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Эмом Садриддинзода дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти ба номи Дўстмурод Алиев дар масоҳати 147,8 м бинои замонавии китобхона, хона-музейи шодравон Дўстмурод Алиев ва филиали Мактаби санъати бачагона ба маблағи 130 000 сомонӣ сохта шуда, бо қарори раиси ноҳия аз 7 сентябри соли 2018 ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронида шуданд.

 Сохтмон ва навсозии муассисаҳои фарҳангӣ

Давоми соли сипаришаванда якчанд муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар бунёди онҳо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст.

27 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар кўчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боғи мазкур дар майдони 2,23 га доман густурда, ба талаботи замон мувофиқ бунёд шудааст.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 сентябр Боғи фарҳангӣ – фароғатии «Дўстии халқҳо» пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, он ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ» номгузорӣ карда шуд.

Моҳи июли соли 2018 «Боғи кўдакон» дар масоҳати 3 гектар ифтитоҳ ёфта, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар барномаҳои фарҳангию варзишии кўдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷой барои шоҳмотбозӣ, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуданд.

Моҳи август Боғи фарҳангию фароғатии «Кўли ҷавонон» баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Гулгашти хиёбони Рўдакии ноҳия Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» табдил дода шуда, 26 сентябр мавриди истифода қарор гирифт.

Гулгашти кўчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил дода шуда, дар масоҳати 4 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Шуғнон Қасри фарҳанг бо 450 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Варзоб, Шаҳристон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, ба истифода супорида шуд.

Аз ҳисоби даромадҳои Вазорати фарҳанг осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар,  осорхонаҳои шаҳри Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  Ховалинг ва Қубодиён  таъмиру тармим гардиданд.

Сохтмони осорхонаи ноҳияи Ш.Шоҳин ба маблағи 280 000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳия идома дорад.

Китобхона — филиали №13 деҳаи Ғуломсаид Холови ноҳияи Кӯшониён аз тарафи соҳибкор Саъдулло Исматуллоев ба маблағи 7300 сомонӣ аз нав сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Данғара корҳои навсозии клуби деҳоти деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти Оқсу идома доранд.

Дар маркази ноҳияи Данғара сохтмони Қасри фарҳанг ба маблағи 17 млн. сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар барои сохтмони Қасри фарҳанг 17 млн.сомонӣ пешбинӣ шуда, аллакай корҳои сохтмонӣ ба маблағи 8 млн.сомонӣ иҷро гардидаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад