Эҳсони Панҷшанбе-беҳтарин бозигари соли 2018 эълон гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, капитани дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин бозигари сол эълон гардид.
Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ таҳти унвони «Файзи футболи тоҷик» имрӯз, 28-уми декабр дар “Кохи Суруш” баргузор шуд.
Дар ин маросим ҷоизадорони мунтахаби ҷавонон, футболи занона, футзал, собиқадорон ва ғолибони дигар номгӯйҳо қадрдонӣ шуданд.
Беҳтаринҳои футболи кӯдакону наврасон U-15
- Беҳтарин бозигари Лигаи U-15: Боронов Кароматулло – “Хатлон” Бохтар
- Беҳтарин нишонзани Лигаи U-15: Сайдалиев Муҳаммадворис – ММВЗО “Соро-К” Душанбе
- Беҳтарин мураббии лига U-15: Саидов Исмоил — ММВЗО “Соро-К” Душанбе
Беҳтаринҳои футболи наврасон U-17
- Беҳтарин бозигари лигаи U-17: Ҳомидов Нӯшервон – “Истиқлол” Душанбе
- Беҳтарин нишонзани лигаи U-17: Азизов Сунатулло – “Хатлон” Бохтар
- Беҳтарин мураббии лигаи U-17: Рабиев Юсуф — “Истиқлол” Душанбе
Беҳтаринҳои футболи ҷавонон U-18
Беҳтарин бозигари лигаи U-18:
- Ниёзбеков Алинур – “Орзу-2026”
- Беҳтарин нишонзани лигаи U-18: Абдуллоҷони Қурбоналӣ – “Истиқлол” Душанбе
- Беҳтарин мураббии лигаи U-18: Фузайлов Ҳикмат – “Орзу-2026”
Беҳтаринҳои футболи бонувон дар соли 2018
- Беҳтарин дарвозабон – Саидова Сайёра “Зебунисо” Душанбе
- Беҳтарин нишонзан – Ҳалимова Лайло “Хатлон” Бохтар
- Беҳтарин мураббӣ – Мирзоева Нодира “Регар” Турсунзода
Беҳтаринҳои футзал дар соли 2018
- Беҳтарин бозигар – Шарипов Раҳмоналӣ
- Беҳтарин нишонзан – Хоҷаев Баҳодур “Садовая” – 72 тӯб
- Беҳтарин мураббӣ – Воҳидов Пайрав
Беҳтаринҳои Лигаи якум дар соли 2018
Беҳтаринҳои Лигаи якум дар соли 2018
- Беҳтарин бозигар – Баротов Илҳом
- Беҳтарин нишонзан – Наҷмиддинов Бахтовар “Сомон” 26 тӯб
- Беҳтарин мураббӣ – Шамсиев Шуҳрат “Истаравшан”
Беҳтаринҳои ҳайати ҷавонони Лигаи олӣ дар соли 2018
- Беҳтарин бозигар – Исмоилов Сунатулло
- Беҳтарин нишонзан – Маладӯстов Тоҳир “Барқчӣ” 17 тӯб
- Беҳтарин мураббӣ – Сатторов Уктам “Регар-ТадАЗ”
Беҳтарин довари соли 2018
- Зайниддинов Сайёдҷон
Беҳтарин дарвозабони Лигаи олӣ дар соли 2018
- Никола Стошич — “Истиқлол” Душанбе
Беҳтарин ҳимоятгари Лигаи олӣ дар соли 2018
- Бекназаров Хуршед – “Хуҷанд”
Беҳтарин нимҳимоятгари Лигаи олӣ дар соли 2018
- Саидов Кароматулло – “Хатлон” Бохтар
Беҳтарин ҳамлагари Лигаи олӣ дар соли 2018
- Ҷаҳонгир Эргашев – “Хуҷанд”
Беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ дар соли 2018
- Шериддин Бобоев – “Истиқлол” 12 тӯб
Беҳтарин мураббии Лигаи олӣ дар соли 2018
- Турдиназаров Алиҷон – “Кӯктош”
Беҳтарин бозигари соли 2018
- Эҳсони Панҷшанбе – “Истиқлол” Душанбе











Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт






