Эмомалӣ Раҳмон: «Аҳолии Тоҷикистон баъди панҷ соли оянда ба 10 миллион нафар мерасад»
ДУШАНБЕ, 26.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба даҳ миллион нафар расад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар, ки ин лаҳзаҳо дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон» ҷараён дорад, зикр намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол шумораи аҳолии Тоҷикистон 9,1 миллион нафарро ташкил дода, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то 29, 5 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин Пешвои миллат баён доштанд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ 350 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам шудааст.
Дар ин росто, Сарвари давлат бо дахли баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеаи кишвар афзуданд, ки бояд ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва дар заминаи он таъмини зиндагии шоиста ба аҳолии мамлакат аҳамияти ҷиддӣ диҳем.








Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»






