Эмомалӣ Раҳмон: «Аҳолии Тоҷикистон баъди панҷ соли оянда ба 10 миллион нафар мерасад»

Декабрь 26, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 26.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2023 ба даҳ миллион нафар расад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар, ки  ин лаҳзаҳо дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар «Кохи Сомон»  ҷараён дорад, зикр намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол шумораи аҳолии Тоҷикистон  9,1 миллион нафарро  ташкил дода, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то 29, 5 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин Пешвои миллат баён доштанд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ 350 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам шудааст.

Дар ин росто,  Сарвари давлат бо дахли баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеаи кишвар афзуданд, ки бояд ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва дар заминаи он таъмини зиндагии шоиста ба аҳолии мамлакат аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Декабрь 26, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн