ФАРЗАНДИ ХУБ – БОҒИ ПАДАР… Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни миллиро шарҳ медиҳад

Декабрь 18, 2018 09:41

ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумла, 29 ноябри соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис дар баробари баррасии як қатор масъалаҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳокима ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонуни миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қиёмиддин МИРАЛИЁН ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Қиёмиддин Абдусалимзода, тавре маълум аст, охири моҳи сипаригардида  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро муҳокима ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Мегуфтед, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру илова ба қонуни мазкур дар чист ва ин ташаббус аз ҷониби кӣ ба миён омадааст?

Қиёмиддин Миралиён: Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии он такмил додани муносибатҳои ҳуқуқӣ, бартараф намудани баъзе мухолифатҳо бар асоси таҳким ёфтани иқтидори низоми қонунгузории мамлакат мебошад. Инчунин масъалаҳои илова намудани субъектҳои татбиқкунанда ва васеъ гардонидани майдони имкониятҳо бо дарназардошти захираҳои мавҷуда, фишангҳои воқеӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани масъулияти падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи фарзанд ҳадафҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро  ивазкунандаро дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд. Гуфта метавонед, ки аз оғози қабул то ба имрӯз то кадом андоза ҳадафҳои ин қонун амалӣ гардиданд ва дар ин самт чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

Қиёмиддин Миралиён: Мақсади асосии Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буда, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълим додани фарзандон мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» ҳамчун қонуни миллӣ аллакай нақши хоси худро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ гузошт, зеро он дар баробари санади меъёрии ҳуқуқӣ будан, инчунин як модел ва ё маданияти миллии тарбиявиест, ки хоси мамлакати тамаддунофар ва башардӯст — Тоҷикистон аст.

Воқеан, тарбияи комили насли ҷавон дар ҷомеаи муосир- ин кафолати амният ва саҳми муносиб дар рушду нумӯи на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Ин ташаббуси Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар мамлакатҳои минтақа, инчунин дар дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта шуда, шоёни таҳсин гардид.

Зимнан, барои кишварҳои дар ҳолати низоъҳои дохилӣ – ҷанги шаҳрвандӣ буда, ба мисли Афғонистон ва Сурия истифодаи ин таҷриба бисёр муфид арзёбӣ мегардад, чунки мутаассифона, дар ин қабил кишварҳо миллионҳо кӯдакон дар рӯҳияи носолим тарбия ёфта истодаанд ва албатта, ин раванд наметавонад ба дигар кишварҳо бетаъсир монад.

Қонун аслан ҳадафи дарозамал дорад, яъне он санаде мебошад, ки дурнамои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии соҳа ва ё муносибатҳои муайянро фаро мегирад. Дар баробари ин чанде аз вазифаҳо ва ё ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки аллакай натиҷаҳои босамар ба бор овардаанд, метавон иброз намуд.

Нуқтаи басо муҳим – баланд гардидани масъулияти падару модар ва дар умум аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад, ки то андозае ин вазифа ба маҷрои худ ворид шуда, ин раванд идома дорад.

Яке аз масъалаҳои аҳамиятнок дар ҳошияи таъмини амнияти миллӣ- ин раҳо намудани ҷавонон аз доми ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад, ки дар ҳолати имрӯза аксари шаҳрвандони ҷавони бо макру фиреб ба хориҷи кишавар барои бо ном «таълимоти динӣ» ҷалбгардида ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Рафтору кирдори номатлуби наврасон, ба монанди гаштугузори шабона, бекоргардӣ, истеъмоли маводи мадҳушкунанда, машғул гардидан ба бозиҳои компютерӣ ва ғайра, ки волидонро ба ташвиш оварда буданд, баъди қабули ин қонун ба андозаи чашмрас ба самти дуруст баргардонида шуданд ва ин тадбирҳо идома доранд.

АМИТ «Ховар»: Боби дуюми қонуни амалкунандаро, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд ном дорад, мухтасар шарҳ медодед.

Қиёмиддин Миралиён: Боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз 4 модда иборат аст, муносибатҳоро дар самти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳамчунин баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волидонро дар ин самт муқаррар мекунад.

Аз ҷумла, тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадории баробар доранд. Дар ин ҷо зиндагии алоҳида доштани волидон, ки дар ҳаёт метавонад чунин мушкилот пешорӯ ояд, ба озод гардидани волидон аз ҳуқуқу уҳдадориҳо ва ё кам гардидани он дар таълиму тарбияи фарзанд сабаб шуда наметавонад. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти баробар доранд.

Тибқи моддаи 7 ҳуқуқи волидон ба таълиму тарбияи фарзанд мушаххас гардидааст, ки ин аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзанд, интихоби шакл, намуд ва усулҳои таълими фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок дар ҷараёни таълиму тарбия, гирифтани маълумот оид ба тамосҳои телефонии фарзанд аз субъектҳои дахлдор, талаби риояи ҳуқуқи фарзанд дар ҷараёни таълиму тарбия ва ғайра иборат мебошад.

Уҳдадориҳои волидон дар тарбияи фарзандро моддаи 8-и қонун мушаххас намудааст, ки қисми зиёди онҳо аз ҳуқуқҳои фитрии падару модар бармеоянд. Моддаи 9-и Қонуни мазкур низ уҳдадориҳои волидонро дар таълими фарзанд муқаррар месозад. Бо таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна фаро гирифтани фарзандон ва монеа нашудан ба таълими онҳо, фароҳам овардани шароит барои таълим ва тамоюли касбии фарзандон, новобаста аз вазъи (нуқсонҳои) психологӣ ва ҷисмонии онҳо, таъмини риояи либосҳои мактабӣ аз ҷониби фарзандон, таҳти назорат қарор додани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби фарзандон, ҳамкорӣ бо омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дар ин самт, манъ намудани ҷалби фарзандон барои таълим дар муассисаҳои таълимии ғайриқонунӣ ва ё дар назди шахсони ҳуқуқи (иҷозатномаи) таълим надошта ва ғайра ҳамчун уҳдадории падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муқаррар карда шудаанд.

Яъне, дар умум боби 2-юми Қонуни мазкур маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд мушаххас муқаррар месозад.

АМИТ «Ховар»: Ҳар як қонуне, ки қабул мегардад, барои риоя ва иҷрои он муқаррарот ва муҷозот низ бояд дар назар дошта шаванд. Дар ин самт дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чӣ меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд?

Қиёмиддин Миралиён: Меъёрҳои муҷозотии Қонуни мазкур дар қонунҳои дигар, аз ҷумла Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Ин меъёрҳо дар сурати риоя нагардидани талаботи (муқаррароти) қонунҳои амалкунанда, ҳамчунин Қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони масъул, дар шакли ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ/модарӣ, озодӣ ва ғайра татбиқ карда мешаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам таваҷҷуҳи падарону модаронро ба омӯзиши доимӣ, риоя ва татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ, бахусус Қонуни мазкур ҷалб намоям, зеро маҳз волоияти қонун дар ҳаёти шахсӣ ва ҷомеа метавонад кафили амну субот ва рушду пешрафт гардад.

АМИТ «Ховар»: Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сол пеш, моҳи декабри соли 2010 зимни суханронӣ оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз андарзҳои ҷойдошта дар бобати назария ва амалияи нақши падару модар дар тарбияи фарзанд ва ё баръакс, аз қабили «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насираддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ёдовар шуданд ва баён доштанд: «Шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода мебошад». Андешаи Шумо дар партави ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат чӣ гуна аст?

Қиёмиддин Миралиён: Дарвоқеъ ин гуфтаҳо саддарсад дурустанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Фарзанди хуб – боғи падар, фарзанди бад – доғи падар”. Маҳз фазои солими тарбияи фарзанд метавонад оиларо пойдор, ҷомеаро устувор ва ҳаётро созгор гардонад. Тарбияи фарзанд на танҳо уҳдадории фитрӣ ва ё қонунии волидон аст, балки шарти (фарзи) имонию виҷдонии инсон мебошад. Чунончи, дар сураи Тури китоби «Қуръон» оварда шудааст: «Ва онон, ки имон оварданд ва фарзандонашон дар имон ба онҳо пайравӣ карданд, фарзандонашонро ба онҳо расонем». Тарбияи комили фарзанд масъулияти ҳар як оила ё шахс буда, нафъи он на танҳо ба худи фарзанд, балки дар оянда ба падару модар ба маротиб зиёдтар мерасад.

Ҳамчунин дар боби тарбияи фарзандон мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулк дар рисолаи «Сиёсатнома»-и худ яке аз тавсияҳоро баҳри идоракунии босамар чунин иброз намудааст: «Муайян кардани рӯзи қабули наздикон (нисбат ба садорати олӣ)». Яъне, ба инсон новобаста аз мақоми ӯ, серкорӣ ва камфурсатӣ дар ҳаёту фаъолият зарур аст, ки ба оила ва фарзандони худ таваҷҷуҳ дошта, баҳри тарбияи комили онҳо фурсати муносиб ҷудо намояд.

Ҳамин тариқ, фарзанд, ки нишона аз ҳастии инсон, меросбар аз насл ба насл ва номгузори оянда аст, мебояд ҳар як шахс, ҳанӯз аз давраи азми фарзанддорӣ ба ин рисолат-омодагӣ ҷиҳати фарзанддорӣ, тарбия, таълим, бавоярасонӣ ва ба як шахсияти комил табдил додани фарзанд дар ҷомеа масъулияти шахсӣ дошта, аз рӯи виҷдон ва уҳдадориҳои аслии падарию модарӣ муносибат намояд.

АМИТ «Ховар»: Ҷузъиёти тағйиру иловаҳои воридшавандаро шарҳ медодед.

Қиёмиддин Миралиён: Тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур асосан бо мақсади такмили муносибатҳо ба роҳ монда шуда, онҳо дар шароити таҳкими низоми қонунгузорӣ ва идоракунӣ, ҳамчунин тақозои ҷомеаи муосир зарурат пайдо кардаанд.

Масалан, ба мафҳуми «таълим» дар қатори субъектҳои асосӣ – падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда низ илова карда мешаванд, ки ин илова меъёри мазкурро пурқувват мегардонад. Дар ҳаёт чунин муносибатҳои ҳуқуқӣ, ба монанди фарзандхонӣ, нигаҳбонӣ мавҷуданд, ки дар вақту замони муайян ба амал мебароянд. Дар ин ҷо, ба шахсони ивазкунандаи падару модар ҳуқуқ ва уҳадориҳои (масъулияти) баробар муқаррар карда мешавад, ки шароити ҳуқуқии таълиму тарбияи кӯдакро устувор мегардонад.

Ба ҳамин монанд тибқи лоиҳа, номгӯи марказҳои дилхушӣ (иншооти хизматрасонӣ) мушаххас карда мешавад; масъулияти падару модар ҷиҳати мусоидат намудан ба интихоби касб ба фарзанд, ба фарзанд омӯзонидани асосҳои тозагии шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва малакаи хуби муошират зиёд карда мешавад; меъёр оид ба таълими динии фарзанд дар хориҷи кишвар дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон сафи субъектҳои татбиқкунандаи Қонуни мазкур аз ҳисоби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар воқеъ метавонанд дар ин ҷода саҳми арзишманд дошта бошанд, зиёд карда мешавад.

Декабрь 18, 2018 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад