Имрӯз дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол 2018» оғоз гардид

Декабрь 20, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол 2018» оғоз ёфт. Озмуни мазкур   миёни хонандагон ва  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, довталабони  20 муассисаҳои таълимии кишвар дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иншои озод менависанд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни «Донишҷӯи сол»  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни мамлакат дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарину лаёқатманд эълон шуда, ҳамасола доир карда мешавад.

Тибқи низомонома, даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон  бо ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.

Декабрь 20, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд