Имрӯз дар тамоми Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» намоиш дода мешавад

Декабрь 19, 2018 08:20

ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 декабри соли 2018 дар тамоми корхонаву муассисаҳои  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» баргузор мегардад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»  роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз  маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида шудааст. Мақсад  аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Намоиши дастаҷамъонаи филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин имрӯз бо ҷалби 700 нафар кормандони ҷавони вазорату идораҳо филми «Марди роҳ»  дар толори  Маркази «Вефа» намоиш дода мешавад. Пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллатем!» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аксияҳои тарғиботӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор мекунам!», «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат!» доир шуда,  нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои миллат таҷҷасум ёфтааст,  тақсим карда мешавад.

 

Декабрь 19, 2018 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон