Имрӯз дар тамоми Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 декабри соли 2018 дар тамоми корхонаву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» баргузор мегардад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Мақсад аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Намоиши дастаҷамъонаи филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин имрӯз бо ҷалби 700 нафар кормандони ҷавони вазорату идораҳо филми «Марди роҳ» дар толори Маркази «Вефа» намоиш дода мешавад. Пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллатем!» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аксияҳои тарғиботӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор мекунам!», «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат!» доир шуда, нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои миллат таҷҷасум ёфтааст, тақсим карда мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






