ИМРӮЗ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. 94 сол дар фазо — дар ин муддат таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими соҳа рушд ва такмил ёфтанд

Декабрь 7, 2018 11:44

ДУШАНБЕ, 7.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 декабр кормандони авиатсияи гражданӣ дар бисёр кишварҳои дунё иди касбии худро таҷлил мекунанд. Ба хотири таҷлили ин сана мухбири АМИТ «Ховар» бо Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ҳамсуҳбат гардид.

Моҳи декабри соли 1996 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки 7 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ таҷлил карда шавад. Шурӯъ аз ҳамон сол дар бисёр кишварҳои дунё ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.

«Соҳаи ҳавонавардӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти  мамлакат маҳсуб ёфта, маҳз бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон рушду ташаккул ёфтааст. Ин аст, ки  дар зарфи 94 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилалии   кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, аз ҷумла алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, системаҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия  рушд ва такмил ёфтанд»,-зикр намуд Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Мавсуф иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии авиатсия инчунин Рӯзи кормандони авиатсияи граждании мамлакат  ҳамасола 3 сентябр ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз кормандони фаъоли соҳа, ки дар рушди он саҳми бориз гузоштаанд, аз ҷониби роҳбарият бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Ба андешаи мавсуф, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии рушди авиатсияи гражданӣ, қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёти кишвар ба ҳамлу нақли ҳавоӣ аз ҳисоби раёсати авиатсияи граждании дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва шуъбаи сертификатсиякунонӣ дар нақлиёти ҳавоии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

«Дар давраи фаъолияти Агентӣ ҷиҳати таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба авиатсияи гражданӣ ва Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), барои санҷиши фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсияи граждании ҶТ 33 маротиба комиссия таъсис дода шуд. Дар асоси хулосаҳои комиссияҳои мазкур 94 адад шаҳодатномаҳои мутобиқати хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ, сетртификатҳои мутобиқати қисми тиббӣ-саломатӣ, коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, сатҳи садо, коршоямии махсус, бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишин, мутобиқати фурудгоҳҳо, коршоямии таҷҳизоти радионавигатсионӣ, радиолокаторҳо ва ғайра дода шуданд»,- иброз дошт директори Агентӣ.

Ӯ ҳамзамон зикр намуд, ки  аз тарафи Комиссияи олии тахассусии агентӣ ба 159 нафар мутахассисони соҳа шаҳодатномаҳои тахассусӣ бо 151 замимаҳои он дода шуда, дараҷаи тахассуси 23 нафар мутахассисони авиатсияи гражданӣ баланд  бардошта шуд. Инчунин 37 адад шаҳодатномаи мутахассисони соҳаи авиатсия, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, эътироф карда шуд.

«Дар рўзи 94-умин солгарди иди касбии авиатсияи тоҷик барои фаъолияти пурсамару бисёрсола, хизмати арзанда дар пешрафти соҳаи авиатсия зиёда аз 140 нафар кормандони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаю сипосномаҳои агентӣ сарфароз гардонида шуданд»,- иброз дошт Икром Субҳонзода.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кишварҳои хориҷаи дуру наздик як зумра созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидаанд. Аз ҷумла, бо Россия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, аз кишварҳои Аврупо —  бо Люксембург, Германия, Австрия, Чехия, Латвия ва аз қораи Осиё  — бо Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт ва Корея чунин созишномаҳо имзо шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз вазифаҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи  ҳавопаймоӣ мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо, баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи сиёсати ҳавопаймоӣ дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, инчунин мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ равона гардидааст ва он дар сатҳи зарурӣ иҷро мегардад.

«Агар ба таърихи авиатсияи кишвар назар афканем, мебинем, ки 3 сентябри соли 1924 бори нахуст ҳавопаймои сохти германии «Юнкерс Ф- 13», ки аз ҷониби сарнишинони тоҷикистонӣ П. Комаров ва Р. Ахриев идора мегардид, аз Бухоро парвоз намуда, дар Душанбе фуруд омад. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд ва ба таъсиси Рӯзи авиатсияи ватанӣ асос гузошт.
Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе тавассути ҳавопаймо оварданд»,- баён дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, тӯли 94 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, пеш рафтанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо аз  як майдони хокии даврашакл бо радиуси 800-метр ва як заминкани бо қамиш пӯшонидашуда иборат буд, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид»,-афзуд Икром Субҳонзода.

Номбурда иброз дошт, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2013  ҳавопаймои   Ан-225 «Мрия»-и сохти Россия, ки яке аз ҳавопаймоҳои калонтарини боркаши рективӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад,  дар ҳарими ҳавоии Душанбе фуруд омад.

Бояд зикр кард, ки комёбию дастовардҳои соҳаи авиатсияи ватанӣ дар ин муддат хеле зиёданд. Толорҳои фурудгоҳ вобаста ба шароити мавҷуда васеъ карда шуда, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафтааст. Барои мусофирон толорҳои муқаррарӣ ва CIP хизмат мерасонанд. Шароити сабти ном, гузаштан аз муоинаи амниятӣ ва дигар воситаҳои назорат ҷорӣ шуд. Хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization), ки соли 1944 таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви он аст, ба роҳ монда шуд.

«Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи кишвар аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба истифодаи ҳавопаймоҳои замонавии «Боинг» гузаштанд. Инчунин парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 33 самти 10 кишвари хориҷии дуру наздик иҷро гардиданд»,- зикр намуд манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ба 51 адад баробар буда, аз ин миқдор 16 адад коршоям ва  2 адад корношоям буда, 33 адад дар нигоҳдорӣ  қарор доранд. Дар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ 13 адад ҳавопаймоҳои муосир  истифода  бурда мешаванд, ки аз ин миқдор 6 ададашон дар ҳолати нигоҳдорӣ мебошанд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил шуда, дар интиқоли мусофирон, бору боғоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ фаъолияти хуб ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён ва рақобати солим иборат аст. Тақвияти ҷуғрофиёи парвозҳо, таъмини бехатарӣ ва мунтазамии  парвозҳо, эътимодият ва ҳузуру ҳаловати мусофирон рисолати асосии «Тоҷик Эйр» мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки вобаста ба иҷрои парвозҳо ва таъйинот дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ то ин давра ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон Эйр» барои иҷрои парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ дар 173 хатсайр таъйиноти иҷозати парвозҳо дода шудааст, ки аз онҳо 92 таъйинот барои иҷрои парвозҳо ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва 81 таъйинот барои иҷрои парвозҳо ба ҶДММ «Сомон Эйр» рост меояд.

Метавон гуфт, ки имрӯз бо шарофати меҳнати шабонарӯзии ҳавонавардони моҳир мусофирон  дар фазо худро хеле роҳату болидахотир эҳсос мекунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2018 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд