ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 70 ШИРКАТИ НАВИ САЙЁҲӢ ТАЪСИС ДОДА ШУДАНД. Имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт ҳавасмандии соҳибкоронро зиёд намудааст

Декабрь 12, 2018 12:17

ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 70 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд. Дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба 140 адад расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Манбаъ зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои самараноки Нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа вохӯриҳои роҳбарияти Кумита бо соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам амалӣ гардида истодаанд.

Вохӯрии навбатии роҳбарияти Кумитаи рушди сайҳӣ имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бо соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун ва Файзобод доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби соҳибкорон барои бунёд ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар баррасӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ эътироф гардида, бо шарофати татбиқи сиёсати дарҳои кушод ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрўзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав фароҳам оварданд, ки барои рушди соҳа такони нав бахшида истодааст.

Инчунин, бо мақсади татбиқи босамари имтиёзҳои мазкур, санаи 12 апрели соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгуи иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид.

Декабрь 12, 2018 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид