Иштирокдорони фестивали сайёҳии «Боми ҷаҳон –макони сайёҳӣ» аз бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон боздид намуданд

Декабрь 5, 2018 11:32

 ХОРУҒ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни фестивали сайёҳии «Боми ҷаҳон –макони сайёҳӣ»  баъди сафар ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи фестивал аз бозори наздимарзии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ боздид намуданд.

Тавре қаблан хабар додем, аз 30 ноябр то 3 декабр дар вилоят аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Фестивали сайёҳии «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» баргузор гардид. Ба итттилои манбаъ, тамоми барномаи он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.

Дар баробари баргузории суҳбат бо ширкати коршиносони манотиқи мухталифи кишвар ва намоиши маҳсулоти дастию филмҳои ҳуҷҷатӣ, саёҳат ба мавзеъҳои таърихию чашмаҳои шифобахш, ҳамчунин иштирокчиёни ин фестивал аз бозори марказии назди маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дидан намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Ҳамзаи Фарҳод гуфт, ки «ба иттилои мо чанд моҳи охир ин бозор бо сабаби мураккаб шудани вазъият дар марзи кишвари ҳамсояи Афғонистон баста буд. Хушбахтона, бо оғози ин фестивал ва омадани гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳӣ ва коршиносони масоили ҷаҳонгардӣ имрӯз дарвозаи бозори наздимарзӣ боз шуд. Бозор танҳо ҷои хариду фурӯш нест, балки мафҳуму моҳияти он хеле васеъ аст. Бозор ин макони табодули расму оин, маълумот оид ба фарҳангу ҷуғрофиёи ин ё он кишвар аст. Ҳар як сайёҳе, ки ба кишварҳои хориҷӣ,  бахусус мамолики шарқ сафар мекунад, қабл аз ҳама, кӯшиш мекунад, ки аз бозор дидан намояд. Маҳз дар ҳамин ҷо оид ба расму суннат, одобу ахлоқ, муоширату муносибати сокинони маҳаллӣ маълумоти пурра пайдо мекунад».

Муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар  суҳбат бо тоҷирони тоҷику афғон гуфт, ки  ин ва дигар бозорҳои муштарак, ки дар дар болои рӯдхонаи Панҷ бунёд шудаанд, яке аз дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ва ин аз муносибати некбинонаи Пешвои миллат нисбат ба кишварҳои дуру наздик шаҳодат медиҳад. Мутобиқи сиёсати Пешвои миллат дарвозаҳои Тоҷикистон барои ҳамаи онҳое, ки ба арзишу манфиатҳои миллии давлати мо арҷ мегузоранд, ҳамеша боз аст.

Мувофиқи нақшаи генералии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Тем як шаҳри зебову ҳозиразамони дорои 20 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд карда мешавад. Мутобиқи нақшаи мазкур инфрасохтори ин бозор боз ҳам беҳтар хоҳад шуд..

Ба гуфтаи коршиносони масоили сайёҳӣ, баргузории чунин фестивалҳо имкон медиҳад, ки шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои дурдасти кишвар  ҳарчи бештар муаррифӣ гарданд.

Декабрь 5, 2018 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид