Кормандони милитсияи Конибодом фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгариро пешгирӣ намуданд

Декабрь 11, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре маълум аст, дар арафаи таҷлил намудани соли нави мелодӣ бархе аз соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба қонуншиканӣ даст зада, ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тарканда, ба истилоҳ «хлопушка» ворид менамоянд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур, фурӯшандаи мағозаи хӯроквории «Арабо»-ро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарканда  дастгир намуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз номбурда 1 ҳазору 560 дона маводи тарфгарии намудҳои «Титаник», «Трения» ва 136 дона мушакҳои дастадори намуди «Снайпеш» дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд маводи мазкур коршоям мебошанд»,-илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки нисбат ба зани гумонбар бо моддаи 199 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

Декабрь 11, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид