МАСОҲАТИ ДУШАНБЕ АЗ ҲИСОБИ ҚАЛАМРАВИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БЕШ АЗ ДУ БАРОБАР ВАСЕЪ МЕШАВАД. Аз ин рӯ зарурати таъсиси боз як ноҳияи нав дар ҳудуди пойтахти мамлакат пеш хоҳад омад
ДУШАНБЕ, 17.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 декабри соли равон Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад. Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосияи мазкур- ин масъалаи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе мебошад.
Тавре муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар иҷлосияи мазкур масъалаи васеъшавии ҳудуди пойтахт дар қисмати ҷанубу ғарбӣ аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, ки он дар доираи татбиқи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, мавриди баррасии вакилон қарор мегирад.
Тибқи иттилои Ш.Аловуддинов, 7659 гектар аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, «Россия» ва ғайраҳо ба ҳудуди шаҳри Душанбе мегузаранд.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар 7659 гектари ба ҳудуди пойтахт иловашуда шаҳракҳо (бо тамоми инфрасохтор, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шабакаи обу корез ва ғайра), минтақаҳои истеҳсолӣ (корхонаҳои саноатӣ), рекреатсионӣ (ҷой ва иншооти барои сайёҳӣ нигаронидашуда), ҳудудҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла боғу ҷангалзор ва гулгаштҳо, ҳудудҳои махсус (биноҳои мутааллиқ ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), обтаъминкунӣ, корезӣ ва ғайраҳо бунёд мегарданд. Қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд. Аз ин рӯ, зарурати таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш меояд.
Ш. Аловуддинов ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷойи деҳаи Чортут, ки алҳол ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ҳудудҳои махсуси обтаъминкунии пойтахт бунёд гардида, минтақаи корезӣ, ки алҳол дар маҳаллаи Гулбутта қарор дорад, ба деҳаи Сарикиштии алҳол ба ҳудуди ноҳияи мазкур тааллуқдошта кӯчонида мешавад.
Ҳамчунин дар доираи амалишавии марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз назди Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон то канали Ҳисор (кӯпруки шаҳраки 103) шаҳраки дипломатӣ сохта мешавад, ки ҳамаи сафоратхона ва консулгариҳо дар ин шаҳрак ҷой дода мешаванд.
Ш .Аловуддинов инчунин иброз дошт, ки дар ҷои пештараи маркази савдои «Олами китоб» -и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои замонавии иборат аз 18 то 20-қабата бунёд мегарданд, ки сохтмони онҳоро ҶДММ «Шаҳри зебои мо» ба уҳда дорад. Дар қабати 1-2-юми ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар қабатҳои болоии он ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи солҳои 2019 — 2021, яъне то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт, аз ҷумла, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Аз ҷумла, давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун месозад.
Тибқи иттилои Ш.Аловуддинов, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи «Дӯстии халқҳо» дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50 бинои дар ин мавзеъ сохташаванда 19 бинои баландошёнаи он дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.
«Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12-ошёна буда, дар назди онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст»,- афзуд Ш. Аловуддинов.
Дар ин мавзеи сохтмонӣ ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, хонаҳои истиқоматии ин чор бино дар маҷмӯъ беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан садҳо нафар сокинони пойтахт соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нави дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёдшаванда шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани онҳо ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи иттилои Ш. Аловуддинов, дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла Маркази хизматрасонии «Душанбе сити» дар назар дошта шудааст.
Дар ин мавзеъ биноҳои аз ҳама баландтарин дар пойтахт бунёд хоҳанд гашт.
Мавриди зикр аст, ки тибқи Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардидааст, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳалаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.
Тибқи қарори мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то солҳои 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои атрофи онро тарҳрезӣ намояд.
Инчунин омодакунии муҳандисии ҳудуд, барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе роҳандозӣ намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ менамояд ва сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Тибқи ин қарор, ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ вазифадор гардидаанд, ки ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола дар заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»