«МАТН АЗ ХУДАМ, ОҲАНГ АЗ ХУДАМ, ХУДАМ МЕСАРОЯМ». Ё худ чаро Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров матни сурудҳояшонро аз эҷодиёти шоирони забардасти гузаштаю муосир интихоб кардаанд

Декабрь 6, 2018 17:40

ДУШАНБЕ, 06.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал бо иштироки оҳангсозон ва сарояндагон таҳти унвони «Вазъи риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир»  ҳамоиш доир гардид. Дар он миёни иштирокдорон оид ба вазъи имрӯзаи забони адабии тоҷик ва риояи талаботу меъёрҳои он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, шуҳрати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад. Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон, аз ҷумла аҳли эҷод мебошад. Хусусан санъаткорон тавассути суруду оҳангҳои баландмазмуну дилфиреби худ метавонанд дар ниҳоди ҳар як шунаванда ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро ташаккул дода, дар баробари ин завқи бадеӣ, мусиқӣ ва тарбияи маънавии шахсро бедор намоянд.

«Бинобар ин ҳангоми бо  мусиқӣ хондани сурудҳо аз ҷониби сарояндагон бояд меъёрҳои овоии забони тоҷикӣ риоя карда шаванд. Шеъри тоҷикӣ бояд бо оҳанг ва лаҳну савтиёти тоҷикӣ, яъне «тоҷикона» садо диҳад. Имрӯз мо дар арсаи ҷаҳонишавӣ қарор дорем, бояд аз ворид намудани ҳар гуна оҳанг ва матни сурудҳои бегона ва бемантиқ худдорӣ намуда, барои арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ саъю кӯшиш намоем ва  суруду оҳангҳои дилкашу гӯшнавоз биофарем»,-гуфт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбоналӣ, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншинос Сайфиддин Назарзода, намояндаи Муассисаи нашриявии «Адиб» шоир  Муҳтарам Ҳотам, ҳунармандони шинохта Фахриддини Малик ва Фарҳоди Одина оид ба ин мавзӯъ фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.

Зикр гардид, ки баъзан тавассути телевизиону радиоҳо сурудҳои  матнашон хароб садо медиҳанд, ки ба меъёри забони адабии имрӯза мувофиқ нестанд. Ин ҳолат ба таблиғи нодурусти забони давлатӣ сабаб мешавад.

Ба андешаи профессор Баҳриддин Камолиддинов, ҷаҳонишавӣ дар матну суруд ва завқи мардум низ таъсир мерасонад. «Замоне буд, ки бо сурудҳои худӣ маҳдуд мешуданд. Баъд сурудҳои ҳиндӣ, афғониву эронӣ ва русӣ омаданд. Айб дар бораи ҳавас ва майли ҷавонон ба сурудҳои бегона нест, чунки ин ҳолати табиист. Аммо мо бояд ба асолати худ такя кунем. Сарояндагон бояд мисли арбобони санъати тоҷик  матнҳоро аз адабиёти классикӣ ва шоирони беҳтарини имрӯза интихоб намоянд. Мо метавонем аз оҳангҳои хориҷӣ низ истифода барем. Баъзе  оҳангҳои хориҷӣ бо матни тоҷикӣ хуш садо медиҳанд. Масалан, суруди «Эй санам», ки оҳанги он аслан хориҷӣ аст. Лекин оҳангсозони мо ба он мувофиқ матни зебои тоҷикӣ ёфтанд, ки ҳатто берун аз кишвар хеле шуҳрат пайдо кард. Яъне бо истифода аз оҳангҳои дигарон низ сурудҳои гуворои миллӣ эҷод кардан мумкин аст»,-иброз намуд Б. Камолидинов.

Ба андешаи номбурда, баъзе сарояндагони имрӯза зери шиори «матн аз худам, оҳанг аз худам ва худам месароям» фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Вале гузаштагони мо, ба монанди Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва дигарон  ҳамаи матнҳоро аз  эҷодиёти классикон ё шоирони беҳтарини имрӯза интихоб мекарданд. Ҳатто сарояндаи машҳури Шарқ Аҳмад Зоҳир низ матни сурудҳояшро аз ашъори классикони  адабиёти тоҷику форс — Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аттор, шоирони машҳури Афғонистону Эрон ва адабиёти муосири тоҷик интихоб кардааст. Аз ҷумла шеъри «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист»-и устод Турсунзодаро ба оҳанг дароварда, сароидааст. Ин аст, ки сурудҳои ин қабил сарояндагон ба дили миллионҳо шунаванда роҳ пайдо карда, номи онҳоро шӯҳраи олам гардонидаанд.

Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки ба хотири арҷ гузоштан ба олитарин муқаддасот – забон, ки муаррифи давлат ва миллат аст, дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо таъсис дода шавад. Пешниҳод шуд, ки баҳри тозагии забон, риояи меъёрҳои забон ва ҳифзи ҳунари воло аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври зинда (бидуни фонограмма)  хондани сурудҳо барномаҳои таблиғотӣ таҳия карда шаванд.

Дар фарҷоми ҷамъомад бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои зикргардида аз рӯи таклифу пешниҳоди сарояндагону бастакорон ва шоирону нависандагон муроҷиатнома қабул шуд, ки он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.


Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2018 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад