МАТОНАТУ ҶАСОРАТ-2018. Имсол варзиши тоҷикро киҳо, чӣ гуна ва дар куҷо муаррифӣ намуданд?

Декабрь 25, 2018 09:27

 ДУШАНБЕ, 25.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 барои варзишгарони  тоҷик  соли бобарор ва хотирмон ба шумор меравад, зеро шумораи зиёди варзишгарон дар мусобиқаҳои  зиёди сатҳи байналмилалӣ  ба  дастовардҳои  назаррас ноил гардиданд.

Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони  Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров моҳи сентябри соли 2018 дар мусобиқоти  Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи  байналмилалии  федератсияҳои варзиши сабук дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми аввалро касб намуда, сазовори медали тилло гардид.

Ҳамчунин моҳи апрели соли равон паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо, ки дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, медали тиллоро   соҳиб шуд.

Ҳамзамон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё, ки моҳи октябри соли 2018  дар Малайзия  баргузор гардид, медалҳои нуқраи мусобиқотро  ба даст оварда,  соҳиби роҳхати Чемпионати  ҷаҳон  2019 гардид, ки он дар Перу доир мегардад.

Яке  аз варзишгарони шинохтаи  тоҷик, ки  соли 2018  барояш соли пур аз муваффақият ва хотирмон гардид, Хушқадам Хусравов  мебошад. Ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини самбо дар шаҳри Бухарести  Руминия  сазовори  ҷойи якум ва медали тилло  гардида, унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки паҳлавонони дигари тоҷик дар соли 2018 ба як зумра музаффариятҳо ноил гардиданд.  Аз ҷумла, Сомон  Маҳмадбеков   дар  Ҷоми Осиё  оид ба дзюдо  дар шаҳри Ҳонгконги Ҷумҳурии мардумии Чин соҳиби медали тилло ва Хайёмиддин Ҷабборов соҳиби медали биринҷӣ  шуданд. Ду паҳлавони дигари  ҷавони  тоҷик- Разавӣ Навбаҳоров  ва Шаҳром Шералиев дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Новий Сади Сербия баргузор шуд,  яке   дар вазни 57 кг ва дигаре  дар вазни 82 кг сазовори  медалҳои  нуқра ва биринҷӣ  гардиданд.

Бояд зикр кард, ки соли равон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини самбо, ки  дар шаҳри Бухарести  Руминия сурат гирифт,  паҳлавони ҷавони тоҷик Хушқадам Хусравов бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ дар вазни 62 кг унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард. Дар баробари Хушқадам Хусравов боз се нафар самбочиёни дигари  мамлакат- Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Медали тиллои Хушқадам Хусравов баъд аз қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин дастоварди олӣ дар таърихи самбои Тоҷикистон  дарчемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро варзишгарони тоҷик инчунин моҳи  августи соли 2018 дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир гардиданд, боло бардошта, чор медали нуқра ва  се нишони биринҷӣ ба даст оварданд.  Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гӯштини кураш, Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ ва Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо ба комёбиҳои баланд ноил гардиданд.  Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар намудҳои дзюдо ва самбо   ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба дзюдо   соҳиб шуданд.

10-13 май соли 2018  дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори 7 медал шуданд. Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо миёни наврасон 4 медал ва миёни ҷавонон 3 медал ба даст оварданд. Миёни наврасон Сулаймони Ҷамшед   медали нуқра, Фарорун Мирзошоев, Ғаниҷон Ғаниев ва Эмомризо Қурбонов   медалҳои биринҷии мусобиқаро сазовор шуданд. Ҳамчунин  миёни ҷавонон Хайёмиддин Ҷабборов, Ҷаҳонгир Маҷидов медали нуқра ва Давлаталӣ Назаралиев   медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бояд зикр намуд, ки моҳи октябри  соли  2018  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори 6 медал- 2 тилло ва 4 биринҷӣ  гардиданд. Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр аввалин шуда, ба марра расид ва сазовори медали тилло гардид. Ҳамчунин дар ин мусобиқа Шаҳриёр Даминов ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов ва Дилшод Ҷӯраев дар байдаркаи чорнафарӣ дар масофаи 500 метр медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ду медали дигарро варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё сазовор шуданд. Абдусаттор Ғаффоров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ гардид.

Варзишгардухтари навраси тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра  гардид.

Моҳи  ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори ду медал гардиданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик  Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло гардид. Варзишгари  дигари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард.

Ҳамчунин соли 2018 варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳбоз Неъматуллоев   дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён, ки дар Россия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Моҳи  сентябри  соли 2018  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF дар Чемпионати кушоди Осиё дар шаҳри Атерауи Қазоқистон  ба гирифтани 8 медал мушарраф гардид. Аз миёни таэквандончиёни тоҷик Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов   ва Амал Иброҳимов барандагони медали тилло гардида, унвони ифтихории чемпиони аввалин мусобиқаи кушоди Осиёро соҳиб шуданд.

Рамазон Мирзоев, Маснавӣ Хоҷаев ва Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов ба дарёфти мақоми дуюми мусобиқоти мазкур комёб шуданд. Ҳамзамон ба се тан аз варзишгарони дигари тоҷик, бо шумули Насиба Давлатова, Лутфуллои Алиҷон ва Асланбек Фозилов муяссар шуд, ки ба гирифтани зинаи сеюм ва  медалҳои биринҷӣ даст ёбанд. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF аз нахустин Чемпионати кушоди Осиё бо   ду медали тилло, се медали  нуқра ва се медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки давоми соли 2018 дар ҳама намудҳои варзиш пешравию мувафақиятҳо зиёд буданд. Варзишгарони тоҷик тавонистанд бо ҷасорату матонати қавии хеш дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ дастболо гарданд ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ парчами миллиро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта, варзиши тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

                            Меҳрони  ҚУРБОН,
шореҳи  варзиши
АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2018 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид