Муаррифии ҳадафҳои олии «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030»

Декабрь 20, 2018 13:45

ДУШАНБЕ, 20.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон  қариб 1 миллион нафар сайёҳ аз Тоҷикистон боздид намудаанд. Ин нуктаро  зимни муаррифии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нӯъмон Абдуғаффорзода иброз дошт.

Назар ба иттилои хабарнигори АМИТ  «Ховар» Марзия Саидзода, ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ гузаронида шуда, дар он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.   Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода самтҳои асосии ин санади муҳимро тавзеҳ дода зикр намуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 22 декабри соли 2017 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ роҷеъ ба вазъи кунунии рушди сайёҳии мамлакат ибрози назар карда, афзуд, ки дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бо ибтикори   Пешвои миллат   дар мамлакат  бахши сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои ояндадори иқтисоди кишварамон маҳсуб меёбад, рушд намуд.  Давоми соли равон дар мамлакат 70 ширкати  сайёҳӣ таъсис дода шуда, алҳол теъдоди онҳо ба 140 адад мерасад, ки нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули  бахши сайёҳӣ дар мамлакат  муассир мебошад. Дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андоз аз фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд.  Дар иртибот бо манзур намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ  алҳол дар мамлакат бунёду таҷдиди иншооти сайёҳӣ босуръат дар осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳо, назири «Шоҳамбарӣ», «Сатурн», «Баҳористон», «Зумрад», «Сафеддара» ва боз чандин иншооти фароғатию сайёҳӣ идома дорад, ки он ба рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат ва дар  ин замина  баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш  муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Ширин Амонзода доир ба самтҳои асосии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан кард. Мавсуф афзуд, ки ҳуҷҷати мазкур дар зарфи 12 сол, яъне то соли 2030  дар мамлакат амалӣ мегардад. Самтҳои стратегии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон шаклҳои сайёҳӣ, маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фурӯш, нигоҳ доштани тамос бо муштариён, нақлиёту сарҳадот ва раводид, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, дар он низоми мониторинг ва арзёбии татбиқи босамари стратегия муқаррар карда шудааст.

Ширин Амонзода афзуд, ки Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он 4-солиро дар бар мегирад, амалӣ мегарданд. Дар ин марҳилаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ  таваҷҷуҳи асосӣ дода мешавад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини татбиқи пурраи Стратегия нишондиҳандаҳои мақсадноки он таҳия карда шудаанд.

Нақшаи чорабиниҳои Стратегия самтҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, индикатор, тарғибу ташвиқи соҳа, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳиро дар бар мегирад.

Барои татбиқи босамари Стратегия маблағгузориҳои бахши хусусӣ, шарикони рушд ва сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла, шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда, саҳми сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, содирот, сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи сармоягузориҳо, қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои бақайдгирифташудае, ки дар соҳаи истироҳат ва табобат хизматрасонӣ мекунанд, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида мешавад, индикаторҳои асосии Стратегия маҳсуб меёбанд.

Ҳадафи олии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба  шумор меравад. Инчунин дар ҳуҷҷати мазкур мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, кӯҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудааст.  Тибқи  Стратегия бояд меҳмоннавозии тоҷикона, ки дар хонаводаҳо нисбат ба меҳмонон анҷом дода мешаванд, дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба сайёҳон ва дигар мусофирон низ пешниҳод карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани Стратегия ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, яке аз омилҳои баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мегардад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, андешидани тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон талаб карда мешавад.

Дар анҷом иштирокдорони ҳамоиш роҷеъ ба  паҳлуҳои муҳими «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ибрози назар намуданд.

Декабрь 20, 2018 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қатар инъикоси мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» баррасӣ шуд
САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб се меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро вусъат мебахшанд
«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
ҶАШНИ ТИРГОН. Он ҳамчун воситаи маъмули сайёҳии миллӣ муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақаи CAREC иштирок намуд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
«БАДАХШОН – ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН». Суратгузориш аз Форуми сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ
«OH TAJIKISTAN». Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ муаррифии видеролики таблиғотӣ доир гардид
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид