Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Афғонистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабри соли 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, ки ба масъалаи Афғонистон бахшида шуда буд, ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, М.Маҳмадаминов зимни суханронӣ мавқеи ҷумҳурии моро оид ба Афғонистон иброз намуда, зарурати пиёдасозии амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкории минтақавиро нисбат ба масъалаҳои таъмини рушду шукуфоӣ дар минтақа таъкид сохт.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ҳамчунин аз таҳдиду чолишҳои марбута, бахусус терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ёдрас гардида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кумак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.









Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд






