Олимони соҳаи кишоварзӣ сабабҳои кам гардидани истеҳсоли пахта дар ҷумҳуриро шарҳ доданд

Декабрь 21, 2018 16:59

ТУРСУНЗОДА, 21.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи шаҳри Турсунзода   бо иштироки кишоварзони шаш  шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ  машварат баргузор гардид.  Дар  он олимону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» иштирок намуданд.

Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод. Зикр гардид, ки   иштирокдорони машварат  оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ  дар мавзӯъҳои  «Технологияи бунёди боғҳои саноатӣ-содиротӣ, парвариш, башаклдарорӣ, усулҳои нигоҳдории меваҳо ва коркарди он», «Мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ва усулҳои мубориза бар зидди онҳо», «Усулҳои муосири парвариши зироати техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ. Нақши тухмиҳои репродуксионӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим», «Чорабиниҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои чорво, технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва бехатарии озуқаворӣ» ва «Хусусиятҳои агроиқлимии  истеҳсолоти кишоварзӣ, ФАО ва дигар институтҳои байналмилалӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ» маърӯза намуда, ба деҳқонон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки тайи 11 моҳи соли 2018 истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тадбирҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ ба 1 260 367 тонна, пахта 300 000 тонна, картошка 954 158 тонна, сабзавот 2 082 085 тонна, полезӣ 619 443 тонна, мева 434 277 тонна, ангур 236 344 тонна, гӯшт 206 155 тонна, шир 825 245 тонна, пашм 7041 тонна, асал 4008 тонна, моҳӣ 1247  тонна ва тухм ба 401 659 ҳазор дона расонида шуд. Ба ғайр аз истеҳсоли ғалладонагӣ ва пахта дигар маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 0,2 то 32,3 фоиз зиёд мебошад. Тибқи иттилои мутахассисон, яке аз сабабҳои 28 фоиз кам гардидани истеҳсоли ғалладонагиҳо- ин кам намудани кишти ғалла дар заминҳои корами обӣ  ва зиёд намудани  сабзавоту картошка  мебошад.

Соли равон  масоҳати кишти сабзавоту картошка дар заминҳои корами обӣ 18 447 гектар зиёд гардид. Дар маҷмӯъ нисбат ба соли гузашта 3 030 243 тонна сабзавоту картошка зиёд истеҳсол гардидааст.

Дар ҷамъомад олимони соҳаи кишоварзӣ сабабҳои кам  гардидани истеҳсоли пахта дар ҷумҳуриро шарҳ доданд. Зикр шуд, ки аз сабаби дар ноҳияҳои пахтапарвари  вилояти Хатлон  камбориш омадани  моҳҳои марту апрел  дар мавсими кишти пунбадона ва дертар об мондани киштзор  сабзиши пахта 7-8 рӯз ақиб монд. Инчунин ҳарорати баланди ҳаво  (+43 +45 дараҷа) дар моҳи июл  зиёда аз 19-20 рӯз давом кард, ки нашъунамои пурраи пахта 18-20 рӯз бозмонд ва ҳосили пахта назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 25 рӯз дертар пухта расид. Дар натиҷа кӯракҳои қисми болоии пахта ҳаҷман хурдтар шуда, қисми онҳо аз таъсири хунукиҳои моҳи ноябри соли равон нобуд гаштанд. Ҳамчунин бо камборишии  тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 миқдори ҳашароти зараррасон  бештар гардида, ба ҳосилнокии пахта таъсири манфӣ расонид.

Олимону мутахассисон ва деҳқонони ҷумҳурӣ ба хулосае омаданд, ки аз камбудиҳои имсола дарси ибрат гирифта, барои рафъи онҳо дар соли 2019 тадбирҳои судманд андешанд.

Декабрь 21, 2018 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад