Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Сербия соҳиби ду медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ду паҳлавони ҷавони тоҷик- Разавӣ Навбаҳоров ва Шаҳром Шералиев дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Новий Сади Сербия доир гардид, яке дар вазни 57 кг ва дигаре дар вазни 82 кг сазовори медал гардиданд. Дар ин бора корманди Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Маҳмуди Абдулло ба мухбири АМИТ «Ховар» аз макони мусобиқа хабар дод.
Зикр шуд, ки дар ин мусобиқа Разавӣ Навбаҳоров дар даври аввал озод буд ва баъдан рақиби ҳиндаш Кумар ва мизбон Дишковичро мағлуб карда, ба қисмати финалӣ баромад. Дар қисмати ниҳоӣ аз ҳарифи русаш Пеничник мағлуб шуда, медали нуқра ба даст овард.
Шаҳром Шералиев даври аввалро озод гузашта, бо як пирӯзӣ бар варзишгари немис Гертсен ба қисмати нимфиналӣ баромад. Вале дар ин давр аз паҳлавони россиягӣ мағлуб шуда, ба медали биринҷӣ сазовор гардид.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






