«РАНГОРАНГ». Дар Душанбе Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ,14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Рангоранг» баргузор мегардад.
Тавре муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафар Иброҳимов хабар дод, дар фестивали мазкур маснуоти косибон ба таври васеъ пешкаш карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар фестивал зиёда аз 60 нафар косибон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.
Фестивали «Рангоранг» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, он барномаи ҷамъбастии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат мебошад.
Дар ин фестивал косибон аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти худро манзур менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҳунарҳои мардумии «Рангоранг» бо ташаббуси Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






