ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ: «Таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат моро боз ҳам руҳбаланд сохтанд»
ДУШАНБЕ, 28.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҷамъомад доир гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинӣ зикр шуд, ки кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фараҳманданд.
Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шаванд.
Ин тасмими Пешвои миллат фаъолияти ширкатҳои сайёҳиро ҷиҳати боло бардоштани нишондодҳои соҳавӣ ҳавасманд гардонда, инчунин барои дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ эҳё намудани саноати сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, мусоидат менамояд.
Ширкатҳои сайёҳӣ ҳидоятҳои саривақтӣ ва бомавриди Сарвари давлатро чун ҳамеша дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди хеш тасмим гирифтанд, ки бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб дар риштаи сайёҳии воридотӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар тамоми донишу маҳорати хешро ба харҷ хоҳанд дод.
Дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳои инфрасотхторӣ ва барномаҳое ҳастанд, ки барои амалисозии онҳо як сол басанда нест. Бинобар ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат воқеан ҳам саривақтӣ буда, ба рушди устувори соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар баробари ин, соли ҷорӣ Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар ин самт ҳамкориҳои муфид байни вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуданд.
Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.
Воқеан ҳам эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди минбаъдаи устувори сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Дар ин давра як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуданд, з ҷумла портали ( ё сомонаи)миллии сайёҳии мамлакат бо 5 забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд. Ба ин васила соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.
Дар ин замина, бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои муаззами миллат то имруз 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуда, ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд ва шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 145 адад расонида шуд.
Ҳамзамон, бо истифода аз имтиёзҳо ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ 9 лоиҳа, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, маҷмааи сайёҳӣ, боғҳои фароғатӣ, роҳи танобӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.
Воқеан, осори ғании таърихию фарҳангӣ, муъҷизаҳои нотакрори табиати дастнорасида, таваҷҷуҳи ҳарчи бештари сайёҳони хориҷиро ба кишварамон ҷалб намуда, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик Ватани азизамон ба яке аз кишварҳои тараққикардаи сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.
Таҷриба собит месозад, ки маҳз тавассути роҳандозии тадбирҳои пайгиронаю босамар дар таблиғу ташвиқи захираҳои сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва экологии мамлакатамон шумораи сайёҳони хориҷӣ марҳила ба марҳила афзоиш ёфта истодааст.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат барои содда намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, рушди деҳот, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари сайёҳон роҳандозӣ гардиданд, омодаи ҳамкории созанда бо ҷонибҳои ҳавасманд баҳри рушду нумўи соҳаи сайёҳӣ мебошад.
«Аз фурсати муносиб истифода бурда миннатдории самимии тамоми кормандони соҳаи сайёҳии ҷумҳуриро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз намуда, тамоми кушишу ғайрат, неру ва донишу малакаи худро баҳри амалисозии ҳадафҳои эълоннамудаи Пешвои муаззами миллат равона хоҳем кард», — зикр намуданд роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ.