Таҳти унвони «Аз ману сомони ман» китоби рӯзноманигор Камоли Қурбониён ба табъ расид

Декабрь 24, 2018 15:12

ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ нашриёти «Эр-граф» китоби узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Камоли Қурбониёнро таҳти унвони шоиронаи «Аз ману сомони ман» ба табъ расонд. Маҷмӯаи мазкурро барҳақ метавон муште аз хирвори пурбори ин рӯзноманигор ва тарҷумони соҳибистеъдоду пуркор, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург номид.

Камоли Қурбониён муддати ҳафт сол сардабири нашрияи асосии ҳукуматӣ- рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Он дар ин давра, ба гуфтаи адабиётшинос ва рӯзноманигор Фотеҳи Абдулло, «дар сафи пешоҳангони иттиҳоду бедории миллӣ қарор гирифт ва  парчами эҳёю ҷамолу азамати таърихро баланд бардошт».

Камоли Қурбониён ҳоло мудирии Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси Олии ҷумҳуриро ба уҳда дорад, аммо ҳамоно худро «хабарнигори содиқи «Ҷумҳурият» ҳисоб мекунад. Китобе, ки ӯ ба доираи васеи хонандагон манзур намудааст, аз ҳар ҷиҳат ҷолиб аст. Он дар бораи ҳамзамонони мо, ҳамкасбону ҳамкорони муаллиф аст. Ҳамаи матолиби он бо самимияту забони ноб фарқ мекунанд ва мамлӯи эҳтиром ва сипос нисбат ба инсонҳоеанд, ки рӯзноманигори дақиқназар онҳоро қаҳрамони очерку лавҳаҳои худ интихоб намуда, бо онон мусоҳиба кардааст. Худи номи матолиб низ гувоҳи ин мебошанд: «Сотим Улуғзода – ифтихори миллати озода»,   «Мо аз Талъатбону меомӯзем», «Хайринисои хоксори мо» ва монанди ин.

Ман Камолиддинро дер боз мешиносам ва медонам, ки ӯ дигар хел ҳам нависта наметавонист, зеро ин ҳама диди неку наҷобат аз тинату табиати худи вай бармеояд. Метавон гуфт, ки тинати ӯ қисмати ӯст.

Дар очерки басо дилгармона навиштаи муаллиф дар бораи бародари ҳамсабақам шодравон Раҳмон Остон вай борҳо ба дониши фароху ҳофизаи қавии ӯ ишорат мекунад. Ҳамзамон хеле сермутолиа будани худаш низ аён мегардад.

Очерки «Хостаи замон», ки онро чун меҳрномаи рӯзноманигор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон қаламдод кард, дар китоб мақоми аввалиндараҷа дорад. Муаллиф на фақат аз хизматҳои таърихии Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар мешавад, балки тавонистааст хислатҳои наҷибу инсонии ин шахсияти бузурги таърихиро воқеъбинона ва самимона тасвир намояд. Ин бесабаб нест, зеро ба Камоли Қурбониён саодати бузурги дар паҳлуи Ҷаноби Олӣ кор кардан насиб гардида буд.

 

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2018 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд