ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2018 аст
6 декабри соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳатии Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт.
***
6 декабри соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Зебуниссо» — ро ифтитоҳ намуданд.
6 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Финландия- Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.
РӮЙДОДҲО:
6 декабри соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бизнес-форуми Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.
***
6 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
3 сол пеш, 6 декабри соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима карда шуданд.
***
6 декабри соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид.
***
Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Вечерняя Москва» нашр шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад









Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






