ТАМОМИ ОЛАМИ ЗИНДА БА ЗИНДАГӢ ҲУҚУҚ ДОРАД! 10 декабр-Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи ҳайвонот
ДУШАНБЕ, 10.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар бисёр аз давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи ҳайвонот таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин дар 50-умин солгарди имзои Эъломияи ҳуқуқи инсон соли 1998 Конвенсияи ҳуқуқи ҳайвонот қабул гардид. Ва ин тасодуф нест, зеро созмондиҳандагони ин рӯз мехоҳанд таъкид кунанд, ки тамоми олами зинда барои зиндагӣ ҳуқуқ дорад. Яъне ҳайвоноте, ки зери сарпарастии инсон қарор мегиранд, бояд шиканҷа набинанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои экологӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзанда мегузорад.
Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки мақсади қабули Конвенсия -ҳифз кардани ҳуқуқҳои ҳайвонот мебошад. Зеро имрӯзҳо на дар ҳамаи давлатҳои дунё ҳуқуқҳои ҳайвонот ҳифз карда мешаванд. Дар ҷаҳони муосир ҳайвонотро дар таҷрибаҳои санҷишию клиникӣ васеъ истифода мебаранд.
Масалан, ягон доруе, ки ихтироъ мешавад, аввал ҳамон воя (доза) ба ҳайвоноти озмоишӣ гузаронида мешавад. Мутахассисони соҳаи тиб баъди гузаронидани ин вояҳо назорат мекунанд, ки дар организми ҳайвонот чӣ гуна тағйирот ба амал меояд, сипас онро ба инсонҳо тавсия медиҳанд. Ба ғайр аз ин, баъзан барои омӯхтани табиати вирус ё микроб таҷрибаҳо аввал дар организми ҳайвонҳо гузаронида мешаванд. Албатта, ин таҷрибаҳо барои рушди илм гузаронида мешаванд, вале бояд онҳо тарзе гузаронида шаванд, ки ҳайвоноти озмоишӣ шиканҷаи зиёд набинанд.
Ба нақли номбурда, дар баъзе мамлакатҳо барои нигоҳ доштани ҳайвоноти озмоишӣ вивария, яъне ҷойи нигоҳдории ҳайвоноти озмоишӣ мавҷуд аст. Нигоҳ доштани ҳайвоноти озмоишӣ ҳам масъулият дорад. Бояд дар виварияҳо шароити хуби санитарӣ риоя шуда, ба ҳайвоноти озмоишӣ ғизои зарурӣ дода шаванд. Аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ, ҳайвоноти озмоишӣ бояд бе шиканҷа тавассути воситаҳои махсуси мадҳушкунанда нобуд карда шаванд.
Олими тоҷик мегӯяд, ки дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои шиканҷаи ҳайвонот ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, баъзан сокинон ба хирси малла, ки ҳайвони нодир ба шумор меравад, ҳуҷум карда, ӯро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Яъне барои талхадонаш, ки гӯё аҳамияти доруворӣ дорад, ин ҳайвони азимҷуссаро парронда, зери шиканҷа қарор медиҳанд. Ё бабри барфӣ, ки яке аз ҳайвонҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад, барои дандонаш, ки гӯё аз ҳар гуна қувваҳои бадӣ нигоҳ медорад, зери шиканҷа қарор мегирад
«Имрӯз қариб, ки дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ нохун, дандон, равған ё ягон узви ҳайвонҳо, ба мисли гургу хирс, саг, хуки ёбоӣ ва бабру сағурро ёфтан мумкин аст. Ин ҳолатҳо бояд пешгирӣ карда шаванд. Чунин ҳолатҳо дар давлатҳои хориҷӣ ҳам ба чашм мерасанд. Масалан, дар давлати Чин дандон ва нохуни бабри барфиро ҳамчун тӯмор истифода мебаранд»,-афзуд А. Саидов.
Дар Тоҷикистони кӯҳсор тибқи маълумот, беш аз 13 ҳазор намуди олами ҳайвонот ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар минтақаҳои гуногуни табиӣ маскан гирифтаанд. Солҳои охир дар зери фаъолияти инсон, яъне бунёди шаҳрҳо, аз худ кардани заминҳо сохтмонҳои азим, инчунин истифодаи заҳрдоруҳо бар зидди касалиҳои гуногуни зироати кишоварзӣ, риоя накардани меъёри онҳо, нобуд кардани муҳити зисти ҳайвонот, хароб кардани киштзор, ниҳолу буттазор, афзудани усулҳои гуногуни шикор ба камшавии шумораи ҳайвонот оварда расонидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир аҳамияти калон доштани гуногунии биологии кишварамонро хуб баҳогузорӣ намуда, диққати башариятро ба ҳалли мушкилоти экологӣ ҷалб намудаанд.
Ҳамасола аз ҷониби мақомоти дахлдор барои аз мавсими зимистон бе талаф баровардани ҳайвонҳои ваҳшию биёбонӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ миқдори муайяни хӯрокӣ ҷойгир карда мешаванд.
Ин тасмим аз тадбирҳои саривақтӣ ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи олами ҳайвоноти кишвар шаҳодат медиҳад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»













Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!






