Ташрифи сайёҳони Россия ба Тоҷикистон меафзояд
ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон шумораи сайёҳоне, ки аз Россия ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, нисбат ба соли гузашта афзудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз аввали моҳи январ то 30 сентябри соли 2018 тақрибан 123 ҳазору 504 нафар сайёҳони рус ба Тоҷикистон барои боздид омадаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16577 нафар зиёд аст.
Ҳамчунин, тибқи иттилои Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, ташрифи сайёҳони рус ба Ӯзбекистон низ афзуда, ба Қирғизистон ва Чин, баръакс, коҳиш ёфтааст.
Дар ин раддабандӣ Туркия дар зинаи аввал ва Шри-Ланка дар зинаи поён қарор доранд.
Қаблан агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия бар асоси назарсанҷӣ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил карда буд.
Ёдовар мешавем, ки имсол бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат, бешак, ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






