ТЭТ ҲНИ АЗ ҶАВОНОН ЧӢ МЕХОҲАД? Мулоҳизаҳои сардори шуъбаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Декабрь 6, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 06.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир   чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва “минбари беминнат” сӯиистифода мекунанд.

То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора  пӯстини  худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. Ҳоло Аврупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муносибат бо раванде чун ТЭТ ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан шояд чандон дуруст нест, зеро онҳо дар тӯли фаъолияти худ ҳатто се маротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд…

Аз ин хотир, ҳоло мехоҳанд, ҳадафҳои ифротии худро, ки таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва марҳила ба марҳила ташаккули ғояи инқилоби исломӣ мебошад, бо роҳҳои дигар ва номҳои нисбатан “замонавитар” амалӣ созанд. Ташкили чунин “ҳамоиш”-у “гирдиҳамоиҳо” ҳам танҳо ба хотири ҳисобот, ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки наҳзат фаъолият карда истодааст.

Чунин нишасти шармандаворро ТЭТ ҲНИ имсол дар шаҳри Дортмунди Олмон низ баргузор карда буд. Аз аксҳои интишоршуда аз рафти нишасти Дортмунди наҳзат мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш ҳам ҳамагӣ аҳли оила ва наздикони Кабирӣ буданд. Ҳатто дида мешуд, ки кӯдакони ноболиғи 8-10 сола дар рафти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Ба назар, аслан он ҳамоиш набуд, балки шояд наҳзатиён ба ошхонае барои хӯрокхӯрӣ даромадаву онҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботҳои худ онро “ҳамоиш” дарҷ кардаанд.

Ҳоло ки бори дигар ТЭТ ҲНИ бо иддаоҳои беасосе мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд жарфтар аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷ домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мураккабу сахт аст. Андеша аз он кунанд, ки ТЭТ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад. Ҳамагӣ чанде пеш дар Олмон яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаводаи муассиси ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин мусибат Каюбириву сағириҳое ғам хӯрданд? Ҳаргиз не!. Кабирӣ, ки аз Нурӣ “устод” ном мебарад, ҳатто марги хоҳарзодаи устодашро ба хонаводааш таслият нагуфт.

Аз Кабирӣ танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на падару модар ва на оила…

Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд