«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Имрӯз дар дараи Ромит маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид

Декабрь 8, 2018 13:05

ДУШАНБЕ, 08.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ки ҳамчун мавзеи сайёҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, ҳашари тозакунӣ ташкил гардид.

Тавре аз Кумитаи рушти сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни ҳашар, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита ҷамъ омада буданд, инбор мавзеи «Оби шифобахши Зайрон»-ро, ки дар деҳаи Зайрони ҷамоати деҳоти Ромит воқеъ аст, интихоб намуданд.

Ҳадафи аслии чорабинӣ беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар кишвар мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар қаламрави шаҳри Ваҳдат яке аз манзараҳои зеботарини ҷумҳурӣ ва минтақаи сайёҳии кишвар-дараи Ромит ҷойгир аст, ки дар он оби шифобахши «Зайрон», «Мамнўъгоҳи Ромит», иншооти зиёди истироҳатӣ, таълимӣ, фароғатӣ ва истеҳсолӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд.

Инфрасохтори шаҳр мукаммал гардида, барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ дошта, дараи Ромит бо обҳои муссафо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш шуҳрат дорад.

Осоишгоҳи «Зайрон» бо оби  шифобахши худ маъруф буда, бо оғоз шудани  рӯзҳои гарму офтобӣ шумораи мизоҷони  осоишгоҳ меафзояд ва оби табиии аз синаи кӯҳ ҷорӣ ба чандин дарду бемории онҳо шифо мебахшад.

Ин об барои табобати  бемориҳои  системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту  пою сутунмуҳра ва пӯст пешбинӣ шудааст. Об дар таркиби худ калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад. Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарёст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад.

Дар ин самт ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардиданд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои сайёҳӣ, хизматрасониро барои боздиди сайёҳони дохиливу хориҷии кишвар ҷиҳати дидан намудан аз ин мавзеъ ба роҳ монанд.

Ҳазамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир меандешанд.

Қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби кормандони Кумита ва шуъбаву бахшҳои сайёҳии он дар маҳал дар тамоми қаламрави кишвар ҳашарҳои тозакорӣ мунтазам доир гардида, дар ин ҷараён корҳои ободонӣ, созандагӣ, тоза намудани гулгашту хиёбонҳо ва шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ба роҳ монда мешавад.

Декабрь 8, 2018 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид