Академик Ғиёсиддин Мироҷев: «Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ нигаронида шудаанд»

Январь 4, 2019 16:12

ДУШАНБЕ, 04.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 январи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду қонуни мукаммал ва якчанд қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буданд, ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии табибон, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва корхонаҳои хизматрасонӣ, ки бинобар риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ боиси мубталои сирояти Вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ба ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта машғуланд, равона гардидаанд.  Бо тағйироти дигари ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардашуда ҷавобгарӣ барои қасдан  мубталои  Вируси норасоии масунияти одам гардонидани шахси дигар  пурзӯр  карда шуда,  ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба савдои одамон танзими ҳуқуқии худро ёфтанд.

Қонунҳои батасвибрасидаро академик Ғиёсиддин Мироҷев саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки «ин қонунҳо аввалан  мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО-ро пурзӯр мекунанд. Дуюм, онҳо гирифтор шудани одамон ба бемориҳои сироятиро  пешгирӣ менамоянд. Сеюм, пеши роҳи паҳншавии ин вирус дар муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва шахсони алоҳида, ки яке аз манбаи паҳншавии он ҳастанд, гирифта мешавад. Чорум, фаъолияти муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн ба танзим дароварда мешавад. Дар маҷмӯъ, қонунҳои баимзорасида барои ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ нигаронида шуда, онҳо метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи беҳдошти шахсӣ мусоидат намоянд».

Ба иттилои академик Мироҷев, бемориҳои сироятӣ аксаран бо роҳи ягон амалиёти ҷарроҳӣ, хунгузаронӣ, зимни табобати дандон ё амалиёте, ки ба воситаи алмосу теғ дар назди сартарошон ва кошонаҳои ҳусн  сурат мегиранд, мегузаранд. Хуб мешуд, ки агар фаъолияти марказҳои хун ва муоинаи тиббии муҳоҷирон баъди баргаштан аз муҳоҷират низ таҳти назорати қатъӣ гирифта шаванд. Зеро марказҳои хун ва муҳоҷирон низ дар паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ хатари калон доранд.  Имрӯзҳо дар тамоми дунё барои пешгирии вирусҳои хатарнок асбобҳои яккарата мавҷуданд. Агар шаҳрвандон аз чунин асбобҳо истифода баранд, саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз менамоянд.

«Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ оқибат ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ ворид намуда, шахсро метавонад гирифтори Вируси норасоии масунияти одам ва намудҳои вазнини бемории гепатит гардонад. Дар ин самт бояд маърифати ҳуқуқӣ ва санитарии аҳолӣ, донишу фаҳмишашон    нисбат ба хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шавад, то онҳо барои ҳифзи саломатии худ беэътиноӣ зоҳир накунанд»,-зикр кард Ғиёсиддин Мироҷев.

Мавриди зикр аст, ки қонунҳои номбурда аз рӯи дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар рӯзи Дониш- 1 сентябри соли 2018 баён доштанд, таҳия ва ба тасвиб расиданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода буданд, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ба ғайр аз ин, дар ин суханронӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо зикр гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.

Бояд зикр кард, ки масъалаи ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бе сифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта, ё  истеҳсол кардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ба муомилот баровардани онҳо ташвиши асосноки Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.

Мувофиқи ҳисоботи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  давоми ёздаҳ моҳи соли равон аз муомилот 127 тонна  маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда гирифта, нобуд карда шуданд. Аз ин ҳисоб 95 тоннаи онро маводи доруворӣ ташкил медиҳанд.

Барои ин қонуншиканиҳо беш аз 500 парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, аз ҳуқуқвайронкунандаҳо 1100 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Вале, тадбирҳои андешидашуда натиҷаҳои назаррас надоданд. Бинобар ҳамин сабаб тасмим гирифта шуд, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани ин кирдор пурзӯр карда шавад.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 579 адад муассисаи стоматологӣ мавҷуданд. Бино ба иттилои шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва гигиенаи кӯдакону наврасони Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли 2018 аз тарафи мутахассисон дар ҳамаи ин муассисаҳои стоматологӣ санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа нисбат ба 219 нафар  шахсони масъул санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 68 850 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Инчунин фаъолияти 146 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ шумораи умумии сартарошхонаҳо 956 ададро ташкил медиҳад, ки аз тарафи мутахассисон дар 921-тои он санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷаҳои санҷиш ба 547 нафар  шахсони масъул  санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 39 950 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Инчунин фаъолияти 201 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд.

Шумораи умумии кошонаҳои ҳусн 447 ададро ташкил медиҳад. Соли 2018 аз тарафи мутахассисон дар 433 иншоот санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа нисбат ба 147 нафар шахсони масъул санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 18 700 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Инчунин фаъолияти 127 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шудааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2019 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд